Author: Transcontrol

Ҳамдиёрони гиромӣ ва ҳамкасбони азиз! Мо дар остонаи Соли нави мелодии 2026 қарор дорем. Соли навро ба ҳар яки Шумо сидқан муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, зиндагии пурнишот, фатҳу кушоиши тоза ва муваффақияту комёбиҳои беназирро орзу менамоям. Соли 2025 зери таассуроти наҷибу нотакрор аз як қатор руйдодҳои таърихӣ, дастовардҳои бузург ва таҷлили санаҳои фархунда соли қабул ва амалигардии ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дониста шудааст, ки дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони маҳбуб сабт хоҳад шуд. Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии…

Read More

Хайру эҳсонкорӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба шумор меравад. Ҳадафи асосӣ аз ин иқдомҳо беҳтар намудани вазъи зиндагии аҳолии камбизоат ва ба ниёзҳои онҳо расонидани кӯмакҳои зарурӣ мебошад.Бо мақсади иҷрои амалҳои хайру эҳсонкорӣ дар радифи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, роҳбарияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар арафаи Соли нави мелодии 2026, ба тарбиятгирандагони Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд, ки ин рамзи меҳрубонӣ ва дастгирӣ…

Read More

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар ҷиҳати ба тартибу низоми муайян даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ дар минтақаи Бохтар назоратро дучанд пурзӯр намуда, нисбати ронандагоне, ки ғайриқонунӣ мусофирбари менамуданд ва ё шарту талаботи иҷозатномаро дағалона вайрон кардаанд ва ҳамчунин дигар намуди қоидавайронкуниҳои гуногунро вобаста ба ҳаракат дар роҳ содир намуданд, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмият даровардашуда, ҷаримабандӣ гардиданд.

Read More

       Қайд намудан ба маврид аст, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар мустақилона сарнавишти миллати тоҷикро барои як давраи дигар муайян месозанд. Яъне, дар заминаи Паём Сарвари давлат ормонҳо ва ҳадафҳои миллатро дар шакли барномаву дастурҳои мушаххас дақиқ месозанд ва онҳоро барои амалӣ намудан пешкаши ҷомеа менамоянд.        Ин Паёмҳо на танҳо ҳуҷҷатҳои сиёсӣ, балки роҳнамои ҳақиқӣ барои рушди устувори кишвар мебошанд, ки дар онҳо таҳлили дақиқи вазъияти кунунӣ, мушкилот ва имкониятҳои оянда дарҷ гардидаанд. Онҳо ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ, ҳамаи…

Read More

       Санаи 17 декабри соли 2025 ҷиҳати шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти раёсати Қурбонзода Д.Қ. бо иштироки муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа Саидмуродзода Шоиста, роҳбарияти воҳидҳои сохтории далхдори Вазорати нақлиёт ва роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот маҷлиси машваратӣ баргузор гардид.         Дар маҷлис махсус қайд карда шуд, ки дар баробари фарогири тамоми…

Read More

       Санаи 16 декабри соли 2025 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт тамошои дастҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.        Дар тамошои пахши мустақими, Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот фаъолона ширкат намуданд.        Таъкид гардид, ки кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дастурҳои ҳадафмандонаи Пешвои миллатро дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ватани азизамон сармашқи кори худ…

Read More

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид. Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин,…

Read More

       Санаи 15 – уми декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. маҷлис баргузор гардид. Дар маҷлс ҳайати роҳбарӣ ва кормандони масъул аз тамоми воҳидҳои сохторӣ ширкат варзиданд.        Ҳадафи асосии ин маҷлис на танҳо шарҳу тафсири муфассал ва ҳамаҷонибаи нусха аз Протоколҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, балки таъмини иҷрои амалии онҳо дар раванди фаъолияти ҳаррӯзаи Хадамот, ки ба масъалаҳои муҳими рушди соҳаи нақлиёт, беҳтар кардани сифати хизматрасониҳо, такмили инфрасохтор ва ҳамоҳангсозии фаъолият бо стандартҳои байналмилалӣ дахл доштанд.        Ба таври хос, дар маҷлис сухан дар бораи банди 42-и нусха аз Протоколи…

Read More

Санаи 12 декабри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» маҷлис баргузор гардид.Дар кори маҷлис муовини Вазири нақлиёт Саидмуродзода Ш., роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок доштанд.Зимнан муовини Вазири нақлиёт Саидмуродзода Ш., оид ба марҳалаи нави тараққиёти ҷумҳурӣ, таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ сухан намуда, иброз намуданд, ки масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои…

Read More

Дар санаи 10-уми декабри соли 2025, дар маҷлисгоҳи асосии бинои марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ки дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ҷойгир аст, маҷлиси ғайринавбатии муҳим ва ҳадафмандона баргузор гардид. Ин маҷлис бахшида ба омодагии ҳамаҷонибаи Хадамот ба истиқболи Соли нави мелодӣ (соли 2026) ва ҷамъбасти муфассали натиҷаҳои фаъолияти солонаи ин ниҳоди давлатӣ ташкил шуда буд. Ҳадафи асосии ин ҷаласа арзёбии пешрафтҳо, муайян намудани камбудиҳо ва самтҳои афзалиятнок барои соли оянда буд, ки ҳамаи онҳо дар доираи сиёсати умумии давлатӣ ва ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар амалӣ мешаванд.Дар кори ин маҷлиси муҳим ва масъулиятнок Сардори Хадамоти…

Read More