Санаи 26 – уми июли соли 2025 кормандон чамъ омада, барои кор асбобу анҷоми заруриро гирифта, ба гуруҳҳо ташкил карда шуда буданд, ки корҳои гуногунро ба анҷом расонидан. Аз ҷумла: тоза кардани партовҳо, ранг кардани деворҳо, кашонидани хошоку баргҳо, тоза кардани майдону пайраҳаҳои атрофи бино фаъолона иштирок намуда, барои ба вуҷуд овардани майдони тозаю обод диққати махсус дода шуд.
Author: Transcontrol
Муҳтарам кормандон ва ҳамкасбони азиз! Шуморо ба муносибати Рӯзи касбӣ – “Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола ҳамчун иди касбӣ таҷлил мегардад, самимона табрик гуфта, сиҳату саломатӣ, сарбаландӣ ва саодати ҷовидонӣ орзу менамоям. Асоси таърихии таҷлили ҷашни мазкур қарори махсуси Комиссариати халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба ташкили сохторҳои нақлиёти автомобилӣ аз 25 июли соли 1939 мебошад, ки ҳамасола 25-уми июл ҳамчун “Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ яке аз воситаҳои асосии ҳамлу нақл ба ҳисоб рафта, ҳаёти ҳаррӯзаи…
Ба муносибати “Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ”, санаи 25 – уми июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, таҳти Қурбонзода Далер Қурбон – Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт чорабинии тантанавӣ бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот баргузор гардид. Қурбонзода Далер Қурбон – Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳамаи кормандон ва дар симои онҳо тамоми нақлиётчиёнро табрик намуда, зикр кард, ки Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ яке аз воситаҳои асосии ҳамлу нақл ба ҳисоб рафта, ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаро бидуни нақлиёт тасаввур кардан ғайриимкон аст.…
Санаи 22-юми июли соли 2025 дар назди Сардори Хадамот бо иштироки кормандони масъули воҳидҳои сохтории минтақаҳо дар бораи пурра пешгирӣ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард ва ба танзим даровардани фаъолияти онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Қайд карда шуд, ки дар давраи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии сарборӣ ба тири меҳвари воситаи нақлиёт борҳо асосан шабона интиқол дода мешаванд. Масъалагузорӣ карда шуд, ки бо риояи талаботи Кодекси меҳнат шабона кормандон назоратро пурзӯр намуда, мошинҳои гаронвазн ва ғайриқонуни фаъолияткунандае, ки аслан шабона борҳоро интиқол медиҳанд, пурра пешгирӣ ва чораандешӣ карда шаванд. Зарур шуморида шуд, ки бо корхонаҳои истеҳсолкунанда дар бораи…
Санаи 21 июли соли 2025 маҷлиси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар мавзӯи «Шарҳи муқаррароти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, махсусан қайд карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таълиму тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеа нақши муассир дошта, дар ташаккули худшиносӣ, сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбад. Ин иқдоми созандаю саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи ҷинояткориро миёни…
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳилаи якум доир ба ҷамъбасти 6 моҳа баррасӣ шуд. Санаи 18 июли соли равон оид ба баррасии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳилаи якум бо иштироки роҳбарияти Хадамот, кормандони дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории он ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои Стратегияи мазкур бо фармоиши сардори Хадамот аз 17.01.2025, №06 Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт барои соли 2025 тасдиқ гардидааст. Ҷиҳати муқовимат бо коррупсия дар соҳаҳои Хадамот дар…
Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар Вилояти Суғд ҷиҳати ба тартибу низоми муайян даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд назоратро дучанд пурзӯр намуда, нисбати ронандагоне, ки ғайриқонунӣ мусофирбари менамуданд ва ё шарту талаботи иҷозатномаро дағалона вайрон кардаанд ва ҳамчунин дигар намуди қоидавайронкуниҳои гуногунро вобаста ба ҳаракат дар роҳ содир намуданд, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмият даровардашуда, ҷаримабандӣ гардиданд.
Дар санаи 16 июли соли 2025 дар бинои КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”натиҷагири аз фаъолияти нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт – Раҳимзода М.У., ҳайати роҳбарикунандаи корхона, сардори Раёсат, сардорони шӯъбаҳо, мудирони бахшҳо ва роҳбарони филиалҳои корхона иштирок намуданд. Сараввал директори корхона муҳтарам Саидзода С.С. суханрони намуда қайд намуданд, ки дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ соҳаи нақлиёт мавқеи муҳим дошта, яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар…
Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти роҳбарии Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷаласа баргузор гашт. Дар ҷаласа Саидмуродзода Ш. – муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва натиҷаҳои фаъолияти соҳаро мусбӣ арзёбӣ намуда, оид ба фаъолияти кормандони Хадамот ва роҳбарияти он дар самти бартараф намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин ва ба ин васила пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард сухан ронд. Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи…
Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 8 июл то 30 сентябр муваққатан қатъ карда мешавад. Ин тадбир бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонии иншооти «Таъмири асосии кӯчаҳои протоколӣ аз VIP-зали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе то кӯчаи Карамов» амалӣ мегардад. Вобаста ба ин тадбир самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбар, ки дар кӯчаи А.Дониш (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ), кӯчаи С.Айнӣ (аз кӯчаи А.Дониш то хиёбони Рӯдакӣ) ва хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи С.Айнӣ то кӯчаи…