Санаи 4 сентябри соли 2026 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба муносибати муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовинони Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода Фаррух Неъмат, Саидмуродзода Шоиста, Ёқубзода Суҳроб, Бобоёрзода Бобоёр, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода З.И., роҳбарият, собиқадорон ва кормандони сохторҳои гуногуни Хадамот иштирок намуданд.
Ҷаласаи тантанавиро бо сухани ифтихорӣ ва ифтитоҳӣ Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, муҳтарам Қурбонзода Далер Қурбон оғоз намуд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмии худро ёфт.
Сардори Хадамот муҳтарам Қурбонзода Далер Қурбон ҳозирин ва иштирокчиёнро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона муборакбод намуда, таъкид дошт, ки ҳамаи муваффақиятҳо ва дастовардҳои кишвар натиҷаи иродаи қавии сиёсӣ, сиёсати дурандеша ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Дар рафти баромад қайд карда шуд, ки бо раҳнамоии Пешвои муаззами миллат яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ бо муваффақият амалӣ гардид. Тавассути бунёду навсозии ҳазорҳо километр роҳҳои автомобилгарди мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, даҳҳо нақбҳои нақлиётӣ (аз ҷумла «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шаршар», «Чормағзак»), пулҳо ва терминалҳои муосири логистикӣ, Тоҷикистони сепорча ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, робитаи заминии байни ҳамаи минтақаҳо дар чор фасли сол таъмин гардид.
Омори давронӣ шаҳодат медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ интиқоли бор 1,7 баробар ва нақлиёти мусофирбарори дохилӣ беш аз 3,2 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар идомаи чорабинӣ, аз ҷониби Сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Мудинзода С.М. ролики видеоӣ ва лавҳаи мустанади соҳавӣ дар мавзӯи «Истиқлолият ва рушди соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи нав» пешниҳод гардид.
Филми мустанад фаъолияти густаридаи Хадамотро дар самтҳои калидӣ аён сохт:
1. Танзим ва назорати нақлиёти боркаш: Ҷиҳати ҳифзи роҳҳои автомобилгард ва пешгирӣ аз вайроншавии бармаҳали онҳо истифодаи тарозуҳои муосири рақамӣ ва нуқтаҳои назоратӣ пайваста татбиқ мегардад.
2. Танзими нақлиёти мусофирбар: Беҳдошти сифати хизматрасонӣ, бехатарии мусофирон ва танзими хатсайрҳо дар Душанбе ва тамоми вилояту минтақаҳои кишвар.
3. Рақамикунонӣ ва инноватсия: Дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» гузариш ба низомҳои электронии сабти ҳуҷҷатҳо ва соддагардонии хизматрасониҳо амалӣ карда мешавад.
Дар бахши дигари чорабинӣ муовинони Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони даъватшуда ба сухан баромада, кормандон ва собиқадорони соҳаро бо ҷашни муқаддаси миллӣ табрик намуданд ва нақши онҳоро дар рушди инфрасохтори нақлиётии мамлакат баланд арзёбӣ карданд.
Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти корию хизматӣ, як қатор кормандони фаъол ва собиқадорони Хадамот бо Медали “Аълочии Хадамот”, Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинии тантанавӣ бо суратгирии хотиравии роҳбарият, меҳмонон ва кормандон дар фазои идона ва руҳбаландкунанда ба анҷом расид.








































