22 июли соли 2026 дар бинои маъмурии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо иштироки роҳбарият ва кормандони Хадамот вохӯрии маърифативу фаҳмондадиҳӣ оид ба муқовимат ба коррупсия ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси Нақшаи суҳбату вохӯриҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2026 ташкил карда шуд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — нозирони калони Раёсати муқовимат ба коррупсия, капитани адлия Абдуллозода Одил Толиб ва капитани адлия Ҳусейнзода Файзиддин иштирок ва баромад намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳими зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
– пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани омилҳои ба онҳо шароитсоз;
– риояи шаффофият ва масъулиятшиносӣ дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ;
– баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳа;
– татбиқи пайгиронаи фармону супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат дар самти мубориза бо коррупсия.
Дар анҷоми вохӯрӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ба кормандон ва сохторҳои Хадамот ҷиҳати риояи сахтгиронаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини шаффофият дар фаъолияти рӯзмарраи корӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.













