Қурбонзода Далер Қурбон
Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Дар шароити муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи савдои одамон ҳамчун яке аз зуҳуроти хатарноктарини ҷинояткории фаромиллӣ аҳаммияти махсус касб намудааст. Ин падида на танҳо ҳуқуқу озодиҳои бунёдии инсонро поймол мекунад, балки ба суботи иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ ва амнияти давлатҳо низ таъсири манфӣ мерасонад. Савдои одамон имрӯз ҳамчун шакли нави ғуломдорӣ арзёбӣ гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ онро яке аз ҷиноятҳои вазнинтарин бар зидди инсон ва инсоният эътироф намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ дар ин самт сиёсати пайгирона ва мақсаднокро амалӣ намуда, заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамонро мунтазам такмил медиҳад. Асоси ин сиёсатро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, давлатро вазифадор месозад, ки барои ҳифз ва таъмии онҳо тамоми чораҳои заруриро андешад.
Савдои одамон дорои хусусиятҳои мураккаб ва гуногунҷанба буда, дар аксари ҳолатҳо ҷинояткорон аз вазъи душвори иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ истифода бурда, онҳоро бо ваъдаҳои бардурӯғ ба доми худ мекашанд. Азбаски раванди интиқолу кӯчонидани қурбониёни савдои одамон аксаран тавассути воситаҳои нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ сурат мегирад, соҳаи нақлиёт дар занҷираи пешгирӣ ва ошкор намудани ин ҷиноят мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Бо мақсади таҳкими мубориза бо ин зуҳурот, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори худ аз 24 июли соли 2025, № 403 «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027»-ро тасдиқ намуд. Ин ҳуҷҷати муҳим дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардидааст.
Мутобиқи банди 2-и қарори мазкур, субъектҳои муқовимат ба савдои одамон вазифадор карда шудаанд, ки нақшаҳои дохилиидоравии худро таҳия ва тасдиқ намуда, ба Комиссияи байниидоравӣ пешниҳод намоянд. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт низ ҳамчун сохтори назоратии соҳавӣ дар доираи ваколатҳои худ ва иҷрои ин Нақшаи миллӣ, тадбирҳои зеринро ҳадафи фаъолияти худ қарор медиҳад:
1. Назорати интиқоли мусофирон:
Танзими қатъии фаъолияти ширкатҳои нақлиётии мусофиркаш ва ронандагоне, ки ба боркашонию мусофиркашонии байналмилалӣ ва байнишаҳрӣ машғуланд, бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии одамон:
2. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифати ҳуқуқӣ:
Баргузор намудани вохӯриҳо ва маъракаҳои иттилоотӣ дар терминали нақлиётӣ, автовокзалҳо ва дар байни ронандагону мусофирон ҷиҳати баланд бардоштани огоҳии онҳо аз хатарҳои савдои одамон ва роҳҳои қурбони ба он нашудан:
3. Ҳамкории байниидоравӣ:
Мубодилаи саривақтии иттилоот ва ҳамоҳангсозии фаъолят бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суду прокуратура ва хадамоти муҳоҷират ҷиҳати ошкорсозии ҳолатҳои шубҳаноки интиқоли шаҳрвандон.
Дар баробари ин, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба савдои одамон ҷавобгарии қатъиро пешбинӣ мекунад ва ҳолатҳои вазнинкунанда, аз ҷумла истифодаи мақоми хизматиро низ ба назар гирифтааст, ки ин аз ҳар як корманди соҳаи нақлиёт масъулияти баланди касбиро талаб менамояд.
Хулоса, муқовимат ба савдои одамон вазифаи дастаҷамъона буда, татбиқи самарабахши «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027» ва таҳкими волоияти қонун кафолати асосии ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони мо ва таъмини амнияти нақлиётии кишвар мебошад.
