Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ баҳри наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, ҳамоиши ботантана баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҷеъ ба ин рӯйдоди таърихии ҷаҳонӣ Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим муфассал суханронӣ намуда, аҳамияти ташаббусҳои глобалии Пешвои миллатро дар амри таъмини суботу амнияти байналмилалӣ таъкид сохт.
Спас, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотамӣ ва Сардори шуъбаи ҳуқуқи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Даврон Шомаҳмадзода доир ба нақшу аҳамияти ин санади тақдирсоз дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон, минтақа ва саросари ҷаҳон мулоҳизаҳои худро баён доштанд. Хатмкунандагони суханронӣ таъкид намуданд, ки ин иқдом бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.










