Ҳамватанони азиз,
кормандони соҳаи нақлиёти кишвар!
Шуморо бо яке аз бузургтарин ва муқаддастарин ҷашнҳои миллиамон – Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки пояи устувори давлатдорӣ ва шарти асосии рушди ҷомеа мебошад, самимона табрику таҳният мегӯям.
Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, собит намуд, ки пешрафту тараққиёти ҷомеа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ маҳз дар заминаи сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон имконпазир аст.
Роҳи расидан ба ин неъмати бебаҳо осон набуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо бар асари ихтилофҳои сиёсӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси хисороти бузурги ҷониву иқтисодӣ гардид. Дар чунин шароити ҳассосу тақдирсоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шиори «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам» ба майдони сиёсат омада, мардумро муттаҳид сохтанд. Саъю кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои хирадманди миллат буданд, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва хатари аз байн рафтани давлатдории миллиро пешгирӣ намуд.
Имрӯз оромиву амнияте, ки аз баракати сулҳу ваҳдат дар кишвар таҷассум ёфт, барои бунёди сохтмонҳои азим ва равнақи самтҳои мухталифи иқтисодиёт пояҳои мустаҳкам гузошт. Маҳз дар фазои озоду ором инфрасохтори иқтисодиву нақлиётии мамлакат ба таври назаррас рушд карда, сохтмони роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳо барои баромадани Тоҷикистон аз бунбасти нақлиётӣ мусоидат намуданд. Ин заминаҳо имконият доданд, ки низоми назорат ва танзими соҳаи нақлиёт низ марҳила ба марҳила рушд ёфта, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардад.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳамчун сохтори муҳими давлатӣ, имрӯз фаъолияти худро ҷиҳати таъмии назорати қонунии воситаҳои нақлиёт ва хизматрасониҳо равона сохтааст, ки ин ҳама мустақиман самараи фазои сулҳу ваҳдат мебошад.
Ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла ҳар як корманди соҳаи нақлиёт аст. Мо, кормандони Хадамот, тамоми кӯшиш, дониш ва малакаи худро барои иҷрои қонунгузории ҷорӣ, рушди устувори соҳа, таъмии сифати хизматрасониҳо ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо равона месозем.
Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли кормандони соҳаро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва дар роҳи пешрафту ободии Ватани маҳбубамон зафарҳои нав ба нав хоҳонам!
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!
