Дар дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти раёсати Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. маҷлиси хидматӣ баргузор гардид. Дар он муовинони сардор, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони шуъбаю бахшҳои Хадамот иштирок намуданд.Маҷлис ба раванди иҷро ва амалисозии вазифаҳои Хадамот вобаста ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, №312 «Дар бораи Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» бахшида шуд.Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. маҷлисро кушода, таъкид дошт, ки иҷрои қарори мазкур барои тамоми вазорату идораҳо зарур ва ҳатмӣ мебошад. Мақсади асосии Барнома — таъмини коҳиши устувори сатҳи беморӣ, маъюбӣ ва фавт вобаста ба диабети қанд, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи нақлиёт мебошад.«Бемории диабети қанд ба қобилияти меҳнатии шаҳрвандон таъсири манфӣ расонида, хароҷоти зиёди иҷтимоиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, сохторҳои Хадамотро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо чораҳои амалӣ андешанд», — қайд намуд Сардори Хадамот.Дар асоси муҳокимаҳо қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуданд.
