Роҳбарият ва ҳайати кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз хабари даргузашти фоҷиавии ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзонабот Алишер Худобердӣ сахт андуҳгин ва таконхӯрда гардиданд.
Дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳазин, роҳбарият ва кормандони Хадамот ба аҳли оила, пайвандон, наздикон ва ҳамкорони марҳум ҳамдардии амиқ ва таслияти самимии худро изҳор менамоянд.
Марҳум Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи шахсиятҳои барҷаста ва фидокори давлатӣ буданд, ки тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба хизмати содиқона ба мардум ва рушду шукуфоии Ватани маҳбубамон бахшиданд. Эшон бо донишу таҷрибаи ғании роҳбарӣ, масъулиятшиносии баланд ва садоқат ба манфиатҳои миллӣ, дар пешрафти ҳамаҷонибаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзишманд ва назаррас гузоштаанд.
Номи нек, фаъолияти созанда, кору пайкори ибратбахш ва хислатҳои ҳамидаи инсонии эшон дар хотираи ҳамкорон, дӯстон, наздикон ва тамоми мардуми кишвар бо эҳтироми хосса ва ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.
Даргузашти нобаҳангом ва фоҷиавии ин фарзанди арзанда ва ватандӯсти миллат талафоти бузург ва ҷуброннопазир барои давлат, ҷомеа ва мардуми Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ин лаҳзаҳои ғамангез худро шарики ғуссаи наздикони марҳум дониста, ба аҳли оила ва пайвандони эшон сабри ҷамил, матонат ва неруи рӯҳӣ хоҳонанд.
Хотираи некашон ҷовидон, охираташон обод ва рӯҳашон шод бод!
