9 октябри соли 2026 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти роҳбарии Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон чорабинии маърифатию ҳуқуқӣ ва тарғиботӣ дар мавзӯи «Амният аз ҳар як мо оғоз меёбад: Кормандони соҳаи нақлиёт алайҳи экстремизм ва терроризм!» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовинони Сардори Хадамот, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок намуданд.
Маҷлиси мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №73 «Дар бораи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 09.06.2026, №94) ва фармоиши Сардори Хадамот (аз 11.06.2026, №26) доир карда шуд.
Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, радикализм ва ифротгароӣ ба ҳувияти миллӣ, суботи ҷомеа ва амнияти давлат хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Мо бояд дар баробари ин таҳдидҳо ҳушёриву зиракиро аз даст надода, саводи ҳуқуқӣ ва рақамии худро пайваста баланд бардорем.
Дар суханронӣ инчунин суханони пураҳамияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда шуданд: «Террорист ва танзимгари ифротгаро ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».
Дар рафти муҳокимаҳо қайд гардид, ки ҳангоми амалӣ намудани назорати давлатӣ дар терминалҳои нақлиётӣ ва воситаҳои нақлиёти мусофирбару боркаш, кормандони назоратӣ бояд масъулияти баланд ва ҳушёрии касбиву сиёсиро нигоҳ дошта, пеши роҳи ҳаракату интиқоли мавод ё ашхоси шубҳанокро сари вақт гиранд.
Аз рӯи натиҷаи маҷлис қарори дахлдор қабул гардид, ки мувофиқи он:
– татбиқи саривақтӣ ва пӯрраи Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Хадамот барои солҳои 2026–2030 ба ӯҳдаи сохторҳои дахлдор гузошта шуд.
– баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва гузаронидани суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ, бахусус бо мутахассисони ҷавон, супорида шуд.
– ба роҳбарони воҳидҳои минтақавӣ ва постгоҳҳои назоратӣ ҷиҳати куввадор кардани ҳушёрии касбӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Соҳаи нақлиёт ҳамчун яке аз артерияҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии кишвар дар таъмини амният ва пешгирии таҳдидҳои ифротгароӣ бетараф нест ва ҳамеша дар сафи пеши ҳифзи сулҳу суботи Ватан қарор дорад.
