Аз номи худ ва аз номи коллективи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳамаи шумо ва дар симои шумо кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Иди саиди Қурбон — ҷашни покӣ, эҳсон ва ҳамбастагӣ, самимона табрику таҳният мегӯям.Иди саиди Қурбон яке аз суннатҳои қадима ва арзишманди фарҳангиву динии мо буда, инсонҳоро ба хайру саховат, гузашту бахшиш, дастгирии ниёзмандон ва эҳтироми якдигар ҳидоят менамояд. Ин ҷашни муборак дар замони Истиқлоли давлатӣ бо шарофати сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мазмуну таровати нав гирифта, ба рамзи дӯстиву бародарӣ ва осоиштагии ҷомеа табдил ёфтааст.Кормандони соҳаи нақлиёти кишвар дар ин рӯзҳои ҷашнӣ низ бо эҳсоси баланди масъулият ва садоқат ба касб, ҷиҳати таъмини назорати ҳаракат дар роҳҳо, танзими бонизоми нақлиёт ва хизматрасонии босифат ба мусофирону боркашонҳо шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд. Хизмати содиқонаи шумо дар рушди иқтисодиёти кишвар ва осоиштагии мардум лоиқи таҳсин аст.Дар ин рӯзҳои муборак ба ҳар яки шумо, хонаводаҳоятон ва кулли ҳамватанони азиз тансиҳатӣ, файзу баракати рӯзгор, осоиштагӣ ва дар фаъолияти касбиатон барои шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон зафару комёбиҳои нав ба нав таманно дорам.Бигзор, дар роҳҳои кишварамон ҳамеша амнияту осоиштагӣ ҳукмфармо бошад ва сафарҳои ҳамватанони мо бехатару бобарор анҷом ёбанд!Иди саиди Қурбон муборак бошад, ҳамкорон ва ҳамватанони азиз!
