Бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии футбол», бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Вазири нақлиёт» доир гардид, ки дар он дастаи футболи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт шарафи ниҳодро бо муваффақияти беназир ҳимоя намуд.
Дастаи футболи Хадамот, ки аз рӯзҳои аввали омодагӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва маҳорати касбӣ вориди майдон шуда буд, ҳадафи асосии худ — нишон додани бозии зебо, ягонагӣ ва фатҳи қуллаи баландтаринро устувор нигоҳ дошт.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур пас аз маросими қуръакашӣ ва ҷамъомади расмии намояндагони дастаҳо, ки санаи 7 майи соли 2026 дар бинои Вазорати нақлиёт баргузор шуда буд, расман оғоз ёфта, то ин рӯзҳо идома дошт.
Бояд қайд намуд, ки Варзиш рамзи солимиву зебоӣ ва пайвандгари дӯстию ҳамдилӣ аст. Намояндагони Хадамот дар раванди тамоми бозиҳо устуворӣ, иродаи қавӣ ва тактикаи ҳамоҳангшударо намоиш дода, пайиҳам бар ҳарифони худ пирӯзӣ ба даст оварданд.
Дар бозии ниҳоӣ (финалӣ) футболбозони мо маҳорати дучанд нишон дода, сазовори “Ҷойи Аввал” гардиданд. Дар вазъияти ботантана аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Азим Иброҳим ба дастаи ғолиби Хадамот Мукофоти олии мусобиқа — «Ҷоми Вазири нақлиёт», Ифтихорномаҳои “Беҳтарин Ҳамлагар”, “Беҳтарин Дарвозабон” ва медалҳо супорида шуд.
Роҳбарият ва аҳли кормандони Хадамот ин зафари бузург ва таърихиро ба ҳамаи аъзоёни даста ва мухлисон самимона табрик гуфта, ба футболбозони мо дар фаъолияти хизматӣ ва майдонҳои варзишӣ муваффақиятҳои навро хоҳонанд!
Ғалаба ва “Ҷоми Вазири нақлиёт” муборак бошад.




















