“Ҷавонон – нерӯи созанда
ва қувваи пешбарандаи имрӯзу фардои давлат”
Санаи 22 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Хадамот ва бо иштироки роҳбарият, ҷавонони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории он сурат гирифт.
Дар ҷараёни чорабинӣ роҳбарият ва суханронӣ намудагон таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари калидии сиёсати худ қарор дода, пайваста ба ин қишри ояндасози кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонон (23-юми май) далели равшани таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти олии давлат ба ҳаёти ҷавонон ҳамчун неруи созандаи кишвар мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа ва таъмини иштироки фаъоли ин қишр дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намудааст.
Дар чорабинӣ вобаста ба омори демографии кишвар маълумоти ҷолиб ва таҳлилӣ пешниҳод гардид, ки мавқеи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ нишон медиҳад:
– синну соли миёнаи аҳолии кишвар 22,5 сол (Мувофиқи таҳлили созмонҳои байналмилалӣ);
– ҳиссаи ҷавонони то 35-сола дар кишвар (Зиёда аз 70%-и умумии аҳолиро ташкил медиҳад).
Маҳз ба ҳамин хотир, Тоҷикистони мо аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Иброз гардид, ки имрӯз ҷавонони саодатманди кишвар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёт, бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои калон ширкати фаъолона меварзанд. Саҳми ҷавонон хусусан дар:
– таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ;
– бунёди роҳҳо, нақбҳо, пулҳо ва неругоҳҳои хурду бузург;
– сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва раванди пешрафту ободонии кишвар басо арзишманд мебошад.
Имрӯз барои ҷавонон тамоми шароити лозима, аз ҷумла шароити арзандаи илмомӯзӣ, машғул шудан ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим фароҳам оварда шудааст.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, ҷавонон ва кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро зарур аст, ки:
1. Касбу ихтисосҳои замонавии соҳавиро ба таври мукаммал аз худ намоянд;
2. Забонҳои хориҷиро омӯзанд;
3. Бо донишу малака ва фаъолияти софдилонаи хеш барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҷашни Рӯзи ҷавонон дар Хадамот дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан бо шукӯҳу шаҳомати хоса анҷом ёфт.








