Санаи 19-уми майи соли 2026 дар бинои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми майи соли 2026, №17625 (26.6), ҳамоиши ҷавонони касбу кори гуногуни кишвар таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид. Ин чорабинии шукӯҳманд ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шуд.
Дар доираи ин ҳамоиши шукӯҳманд, намоиши дастовардҳои ҷавонони соҳа ташкил карда шуд. Кормандони ҷавони Хадамот дар ин намоишгоҳ бо нишон додани дастовардҳои назарраси соҳаи назорат ва танзими нақлиёт дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла рақамкунонии соҳа, саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Ҳамзамон, дар ҷамъомади тантанавӣ барои фаъолияти назаррас, саҳми арзанда дар рушди соҳа ва ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, як қатор кормандони ҷавони Хадамот бо Сипосномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.















