Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе якҷо бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ чорабиниҳои муштараки назоратиро пурзӯр намуд.
Бо мақсади танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, гуруҳи кории муштарак иборат аз намояндагони зерин фаъолият намуданд:
– нозирони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбеп ;
– мутахассисони Муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон»;
– намояндагони лоиҳаи «ДС Корт» (Низоми пардохти электронӣ);
– дигар воҳидҳои сохтории Ҳукумати шаҳри Душанбе.
Дар ҷараёни амалиётҳои муштарак диққати асосӣ ба масъалаҳои зерин равона карда шуд:
– риояи фарҳанги муоширати ронандагон, ҳолати санитарию техникии воситаҳои нақлиёт ва истифодаи ҳатмии кортҳои электронӣ ҳангоми пардохти ҳаққи роҳкиро;
– танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин дар кӯчаҳои марказии шаҳр, пешгирии вайроншавии қабати асфалти роҳҳо ва риояи меъёрҳои борбардорӣ;
– муайян ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашӣ ва бе иҷозатнома (лицензия) гаштани воситаҳои нақлиёт.
Боиси қайд аст, ки танҳо тавассути ҳамгироии зичи сохторҳои назоратӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла Планшетҳо ва низоми «ДС Корт», мо метавонем сатҳи хизматрасонии нақлиётиро дар пойтахт ба стандартҳои байналмилалӣ баробар созем.
Чорабиниҳои мазкур нишон доданд, ки фаъолияти дастҷамъонаи воҳидҳои сохторӣ самаранокии назоратро дучанд намуда, ба тартибу низоми бештари нақлиётӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе заминаи мусоид мегузорад.
Хадамот минбаъд низ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва таъмини хизматрасониҳои босифат ба шаҳрвандон тадбирҳои қатъӣ меандешад.






























