Санаи 02.042026 маҷлиси ҷамбастии фаъолияти Раёсатти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар, бо иштироки муовини Сардори Хадамот баргузор гардида, дар он иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашуда таҳлилу ҳаматарафа муҳокима гардиданд. Дарбаробари ин ҷиҳати боз ҳам пурра ба танзим даровардани фаъолияти соҳаи роҳу нақлиёт ва бартарафсозии камбудиҳо масъалаҳои навин аз ҷумла: пурзур намудани назорати истифодабарии қитъаҳои ҳамшафати роҳҳо, ташкил намудани нуқтаҳои шустушуи воситаҳои нақлиёт дар назди объектҳои сохтмонӣ иншоотҳои сохташудаистода, пешгирии ҳаракати воситаи нақлиёти гаронвазн, корбари бо барномаи рақамӣ, назорати хизматрасони дар хатсайрҳо, иҷрои маблағи ҷаримаҳои протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Инчунин қайд гардид, ки ҷиҳати бартараф намудани тамбашавӣ дар ҳолати часпик дар нуқтаҳои серҳаракати воситаҳои нақлиёти дохили шаҳр аз ҳисоби Раёсат нозирон вобаста карда шуда, дар якҷоягӣ бо Бозрасии давлатии автомобилии фаъолият мебаранд. Шубаи назорати кортҳои нақлиёти низ вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкори бо мақомоти дахлдор, ҷиҳати осон истифодабарии шаҳрвандон аз воситаҳои нақлиёти ҷамъияти (автобус, троллейбус ва микроавтобусҳо) шаҳрвандонро бо кортҳои нақлиёти таъмин намоянд, ва шаҳрвандоне ки аз истифодабарии кортҳои нақлиёти худдори карда аз пули нақди истифода мебаранд нисбаташон чораандеши намоянд. Раёсат вазифадор гардид, ки вобаста ба аризаи шикоятии аз ҷониби шаҳрвандон ворид гардида чораҳои қатъи андешида аз натиҷааш ба шаҳрванд ҷавобӣ хатти ё электронӣ пешниҳод намоянд. Дар баробари ин аз болои воситаҳои нақлиёти таксӣ ҷидди назорат намоянд.













