Санаи 18-уми марти соли 2026 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукӯҳи идона, озмуни «Гӯшаи беҳтарини наврӯзӣ» ва мусобиқаҳои варзишӣ доир гардид.
Дар ин ҳамоиши идона Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маҳорати баланд, завқи зебоипарастӣ ва омодагии ҳамаҷониба нишон дода, дар миёни сохторҳои вазорат сазовори Дипломи «ШОҲҶОИЗА» (Гран-при) гардид.
Илова бар ин, кормандони Хадамот дар бозиҳои варзишӣ низ фаъолона ширкат варзида, рӯҳияи қавии ҷисмонии худро собит намуда, дар намуди «Вазнбардорӣ» — сазовори ҷойи 1-ум гардид.
Ба ин муносибат дар дастгоҳи марказии Хадамот таҳти роҳбарии Сардори Хадамот, муҳтарам Қурбонзода Далер Қурбон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.
Роҳбари Хадамот зимни суханронӣ аҳли толорро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дастовардҳои навбатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки ин муваффақиятҳо натиҷаи заҳмати аҳлона ва ҳисси баланди ватандӯстии ҳайати шахсӣ мебошад.
Дар вазъияти тантанавӣ кормандони масъул ва фаъолоне, ки дар омода намудани гӯшаи наврӯзӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо мукофотҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Пас аз қисмати тантанавӣ, ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони дастгоҳи марказӣ идома ёфт. Дар он масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Сардори Хадамот ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият дастурҳои зерин дод:
– истифодаи самараноки низоми назорати вазни зиёдатии воситаҳои нақлиёти боркаш (WIM) ва истифодаи ҳатмии планшетҳои электронӣ аз ҷониби нозирон;
– таъмини шаффофияти пӯрраи ҷамъоварии пардохтҳои давлатӣ ва ҷаримаҳо.
Сардори Хадамот аз ҳолатҳои вайрон кардани муҳлатҳои ирсоли маводҳои маъмурӣ ба судҳо изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки нисбати шахсони хунукназар муҷозоти интизомӣ татбиқ мегардад.
Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва рушди соҳа қарорҳои зерин қабул ва барои иҷро ирсол гардиданд:
– то ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи аввали соли ҷорӣ иҷрои пурраи нақшаи кории семоҳаи аввал таъмин карда шавад;
– ирсоли маводҳои маъмурӣ ба судҳо на дертар аз 3 шабонарӯз ба роҳ монда шавад;
– Шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсус ва ҳуқуқ вазифадор шуданд, ки барои нозирон ҷиҳати омӯзиши амиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ семинар-машваратҳо ташкил намоянд;
– гузариши пурра ба барномаҳои рақамӣ ва ҳуҷҷатгузории электронӣ амалӣ карда шавад.
Сардори Хадамот дар фарҷом таъкид намуд, ки риояи интизоми хизматӣ ва иҷрои саривақтии дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як корманд мебошад.











