Ҳамватанони арҷманд ва ҳамкасбони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун, ҳамаи Шуморо бо фарорасии ҷашни шукӯҳманду маънавӣ — Иди саиди Фитр муборакбод мегӯям.
Иди Рамазон барои мо, тоҷикистониён, на танҳо нишонаи тақвову покӣ, балки таҷассуми ваҳдату ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои ниёгонамон мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ин ид рамзи некиву накукорӣ ва дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон аст.
Дар ин рӯзҳои муборак, ба ҳар яки Шумо, тансиҳативу хотирҷамъӣ, саодати рӯзгор ва баракати хонадон, муваффақият дар фаъолияти пурмасъулият баҳри рушди Ватани маҳбубро таманно дорам.
Бигзор, заҳматҳои Шумо дар роҳи ободии кишвар ҳамеша самари нек диҳад ва сулҳу субот дар кишвари азизамон ҷовидон бошад.
Иди саиди Фитр муборак!
