Санаи 15 – уми декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. маҷлис баргузор гардид. Дар маҷлс ҳайати роҳбарӣ ва кормандони масъул аз тамоми воҳидҳои сохторӣ ширкат варзиданд.
Ҳадафи асосии ин маҷлис на танҳо шарҳу тафсири муфассал ва ҳамаҷонибаи нусха аз Протоколҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, балки таъмини иҷрои амалии онҳо дар раванди фаъолияти ҳаррӯзаи Хадамот, ки ба масъалаҳои муҳими рушди соҳаи нақлиёт, беҳтар кардани сифати хизматрасониҳо, такмили инфрасохтор ва ҳамоҳангсозии фаъолият бо стандартҳои байналмилалӣ дахл доштанд.
Ба таври хос, дар маҷлис сухан дар бораи банди 42-и нусха аз Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2025, №8 рафт, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба пешниҳоди маълумотҳои дақиқ ва босифат барои ҷойгир кардан дар баромадҳои Сарвари давлат муҳокима гардид.
Дар банди мазкур эътибори ҷиддӣ ба сифати маълумот зоҳир карда шудааст. Вобаста ба ин, кормандон вазифадор карда шуданд, ки аз пешниҳоди маълумоти сатҳӣ, дорои ҷумлаву ибораҳои куҳнашуда, носаҳеҳ ва мазмунан паст қатъиян худдорӣ намоянд. Ба ҷои ин, ҳамаи маълумотҳо бояд бар асоси таҳқиқоти илмӣ, омори тоза ва таҷрибаҳои пешқадам омода карда шаванд, то ки ба рушди устувори соҳа мусоидат намоянд.
Дар баробари ин, дар маҷлис масъалаҳои мутобиқсозии кормандон бо талаботи замони муосир муҳокима гардид. Аз ҷумла, дастуру супоришҳои мушаххас оид ба кор кардани кормандон бо технологияҳои муосири компютерӣ, аз қабили нармафзорҳои идоракунии маълумотҳо (ба мисли системҳои GIS барои назорати нақлиёт), омӯзиши онлайн ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар танзими ҳаракат дода шуд.
Зимнан ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дастур дода шуд, ки кормандонашонро бо қарори мазкур шинос намуда, риоя ва иҷрои онро таъмин намоянд.
Ин маҷлис намунаи равшани ӯҳдадории Хадамот ба иҷрои дастуру супоришҳои ҳукуматӣ ва такмили фаъолият аст, ки дар ниҳоят ба беҳбуди соҳаи нақлиёт ва хизматрасонии беҳтар ба шаҳрвандон мусоидат мекунад.
