Санаи 20 январи соли 2025 фаъолияти КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар соли 2024 бо иштироки кормандони воҳидҳои сохтори Хадамот натиҷагирӣ карда шуд.
Дастовардҳои фаъолияти корхона дар соли 2024 бо нишондодҳои мусбӣ арзёбӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам самаранок ба роҳ мондани фаъолият, бартараф намудани камбудию норасоиҳо барои семоҳаи якуми соли 2025 вазифаҳои навбатӣ гузошта шуд.






