Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, №403 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027» ва фармоиши дохилии Хадамот аз 2 феврали соли 2026, №06 дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ як силсила чорабиниҳои аҳамиятнокро дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба ин зуҳуроти хатарнок амалӣ менамояд.
Савдои одамон яке аз ҷиноятҳои вазнини фаромиллӣ ва шакли муосири ғуломдорӣ ба шумор рафта, ба ҳуқуқу озодиҳои бунёдии инсон таҳдид мекунад. Азбаски раванди интиқолу кӯчонидани қурбониёни савдои одамон бештар тавассути воситаҳои нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ сурат мегирад, соҳаи нақлиёт ва мақомоти назоратии он дар занҷираи пешгирӣ ва ошкор намудани ин ҷиноят мавқеи калидиро ишғол менамоянд.
Бахшу шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот дар минтақаҳо ва вилоятҳо дар давраи ҳисоботӣ корҳои зеринро ба анҷом расониданд:
Амалисозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифати ҳуқуқӣ:
Аз ҷониби кормандони Хадамот дар байни ронандагону масъулони корхонаҳои мусофиркашонӣ, махсусан хатсайрҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, 26 машварат ва суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд. Дар ин вохӯриҳо хавфу хатарҳои савдои одамон, роҳҳои пешгирии он ва масъулияти ҳуқуқии шахсон ба ҳозирин шарҳ дода шуд.
Таҳкими назорат дар хатсайрҳои мусофирбар:
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ дар терминалҳо ва автовокзалҳо ба рафтори ронандагон ва интиқоли мусофирон (бахусус занон ва ноболиғон) диққати махсус зоҳир карда мешавад. Ба роҳбарони ҷамъиятҳои нақлиётӣ дастур дода шуд, ки ҳангоми ба кор қабул намудани ронандагон ва иҷрои хатсайрҳо ҳушёриро аз даст надода, дар сурати мушоҳидаи ҳолатҳои шубҳанок ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саривақт хабар диҳанд.
Баланд бардоштани малакаи касбии кормандон:
Кормандони масъули Хадамот дар тренингҳо ва семинарҳои омӯзишӣ оид ба айнияткунонӣ ва муайянсозии қурбониёни эҳтимолии савдои одамон фаъолона иштирок намуда, донишу малакаҳои амалии худро зимни назорати нақлиётӣ такмил доданд.
Ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ:
Дар терминалҳои нақлиётӣ, автовокзалҳо ва воситаҳои нақлиёт паҳн намудани маводҳои иттилоотӣ (буклетҳо ва варақаҳо бо нишон додани рақамҳои телефони боварӣ) ба роҳ монда шудааст.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт минбаъд низ иҷрои саривақтӣ ва сифатноки бандҳои Нақшаи миллиро зери назорати доимӣ қарор дода, барои таъмини бехатарии мусофирон ва пешгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии шаҳрвандон тамоми чораҳои заруриро меандешад.
