5 октябри соли 2026 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт зери раёсати Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон маҷлис баргузор гардид.
Дар корӣ маҷлис муовинони Сардори Хадамот, сардорони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок намуданд.
Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон тамоми кормандони соҳаро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд. Қайд гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз пояҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми баланди ҳуқуқиву маънавӣ расидааст. Таъкид шуд, ки риояи қатъии меъёрҳои забони адабӣ дар коргузории расмӣ ва муоширати хидматӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як корманд мебошад.
Ҳамчунин дар маҷлис раванди иҷрои нақша-чорабиниҳои соҳавӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи нақлиёт ва суръатбахшӣ ба рақамисозии фаъолияти назоратӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд.
Аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
