29 сентябри соли 2026 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии мазкур, майори адлия Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим ва роҳбарият ва кормандони сохторҳои марказиву минтақавӣ маҷлиси алоҳидаи хизматӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис ду масъалаи муҳим — натиҷаҳои иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ҷиҳати амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар нуҳмоҳаи соли 2026 ва баррасии Пешниҳоди Агентӣ аз 22 сентябри соли 2026, №1.1-11/4152 мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамот Мудинзода С.М. атрофи раванди амалисозии Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ (фармоиши сардори Хадамот аз 06.04.2026, №19) гузориш дод. Қайд гардид, ки дар нуҳмоҳаи соли 2026 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва оммавигардонии қонунгузорӣ 37 маротиба машғулиятҳои омӯзишӣ ва семинар-машваратҳо баргузор карда шуданд.
Дар чаҳорчӯби тадбирҳои рақамикунонӣ ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2025, №1046 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2025, №597 натиҷаҳои зерин ба даст омадаанд:
Пайвастшавӣ ба Портали ягона: Раванди ҳамгироии хизматрасониҳои соҳавӣ ба Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ (ekhizmat.ehukumat.tj`) пайваста амалӣ мегардад.
Гардиши электронии ҳуҷҷатҳо: Мукотибаи дохилӣ тавассути низоми “EDO” (`edo.innovation.tj`) ва назорати нақлиётӣ тавассути низоми ягонаи рақамӣ (`console.transport.tj`) ва порталҳои махсусгардонидашуда сомон дода мешаванд.
Пардохи ғайринақдӣ ва шаффофият: Дар ҳамаи нуқтаҳои назорати вазну меъёрҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ пардохтҳо тавассути POS-терминалҳо, QR-рамзҳо ва NFC роҳандозӣ шуда, ҷиҳати бартараф намудани омили инсонӣ камераҳои назоратии мушоҳидавӣ насб гардидаанд.
Хариди давлатӣ: Хариди мол ва хизматрасониҳо танҳо тавассути платформаи электронии шаффофу рақобатпазир пеш бурда мешавад.
Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Акрамзода Ё.А. раванди гузариш ба низоми рақамӣ ва пардохтҳои ғайринақдиро дар Хадамот мусбат арзёбӣ намуд.
Дар қисми дуюми маҷлис Пешниҳоди Агентӣ вобаста ба ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби собиқ мутахассиси Шуъбаи пардохтҳои кортии Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе Шарифӣ С.А. (моддаи 656 КҲМ ҶТ) баррасӣ шуд.
Сардори Шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи марказии Хадамот Шомаҳмадзода Д.Ш. таъкид намуд, ки Хадамот ба ҳама гуна омилҳои коррупсионӣ ва беназоратӣ муносибати оштинопазир дошта, риояи қатъии қонунгузориро таъмин менамояд. Мувофиқи талаботи қонунгузорӣ ва Пешниҳоди мақомоти ваколатдор, суст намудани назорати хизматӣ аз ҷониби роҳбарони мустақим низ посухи ҳуқуқиро талаб мекунад.
Қарорҳои қабулшуда:
1. Баҳодиҳии фаъолият: Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Хадамот ҷиҳати амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 дар нуҳмоҳаи соли 2026«қонеъкунанда» баҳогузорӣ карда шуд.
2. Андешидани ҷазои интизомӣ: Барои нокифоя будани назорати хизматӣ аз болои кормандони зертобеъ ва саривақт эътино наовардан ба ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ, нисбати шахсони масъул чораи интизомӣ татбиқ карда шавад.
3. Пурзӯр намудани назорат: Ба ҳамаи воҳидҳои сохторӣ ва минтақавӣ дастур дода шуд, ки назорати дохиливу хизматиро аз болои фаъолияти нозирон қатъиян пурзӯр намуда, гузариш ба бақайдгирии электронии пардохтҳо ва ҳамгироӣ бо Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатиро суръат бахшанд.
















