Санаи 24-уми июли соли 2026 дар дастгоҳи марказии Хадамот ба муносибати иди касбӣ — Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёт вохӯрии тантанавии Сардори Хадамот бо ҳайати шахсии кормандон баргузор гардид.
Чорабиниро Сардори Хадамот кушода эълон намуда, тамоми кормандон ва фаъолони соҳаро ба ифтихори ин санаи фархунда самимона табрику муборакбод намуд.
Дар рафти чорабинӣ оид ба саҳми арзандаи нақлиётчиёни автомобилӣ дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ маъруза ва баромадҳои соҳавӣ сурат гирифтанд.
Сардори Хадамот аз дастовардҳои муҳими нақлиётчиён дар самти ҳамлу нақли молу маҳсулот ва мусофирон дар дохил ва хориҷи кишвар ёдовар шуда, ба фаъолияти софдилона ва масъулияти баланди касбии кормандон баҳои баланд дод.
Дар анҷоми чорабинӣ ба ифтихори иди касбӣ як қатор кормандони фаъоли ҳайати шахсӣ барои хизматҳои шоиста ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳа бо медали «Аълочии Хадамот» ва «Сипоснома»-ҳо сарфароз гардонида шуданд.



























