Санаи 24-уми феврали соли 2025 бо иштироки васеи кормандони воҳидҳои сохтории Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар назди Муовини якуми сардори Хадамот ҷаласаи корӣ баргузор гардида, дар он фаъолияти кормандон дар моҳи феврал натиҷагирӣ ва оиди вусъат додани корҳо дар самти рақамикунонӣ ва дигар самтҳои фаъолияти Хадамот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамчунин оиди фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ аз ҷумла таъмини барқи доимӣ ва интернети баландсуръат дар нуқтаҳои баркашӣ ва тариқи онлайн пайваст намудани таҷҳизотҳои баркашӣ ва камераҳои назоратӣ ба роҳбарияти Хадамот вазифаҳои навбатӣ гузошта шуда, ҷиҳати омӯзонидани экспертон дар самти корбарӣ бо таҷҳизотҳои баркашӣ чораандешӣ карда шавад.
Инчунин дар рафти кори ҷаласа Пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткарда баррасӣ шуда, барои такрор наёфтани ҳолатҳои бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат кардани воситаҳои нақлиёти боркаш дар роҳҳои автомобилгард ва пурзӯр намудани назорат ба кормандон дастурҳои иловагӣ дода шуданд.





