Санаи 27 декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти роҳбарии Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. ва бо иштироки роҳбарону кормандони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот ҷаласаи назоратӣ вобаста ба таҳлил ва натиҷагирии фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохторӣ вазифадор карда шуданд, ки бо роҳбарон ва ронандагони корхонаву ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар вохурӣ доир намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ ва риояи одоби муошират бо мусофирон корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намоянд.
Ҳамзамон, Шуъбаи рақамӣ ва таҳлилию иттилоотӣ ва дигар масъулони воҳидҳои сохтории Хадамот вазифадор гардиданд, ки вобаста ба корбарӣ бо барномаҳои рақамӣ то охири сол ҳамаи мушкилоти дар ин самт боқимондаро ислоҳ ва корро дар ин самт пурзур намоянд.
Дар робита ба ин, роҳбарияти КВД “МСКХСН” вазифадор гардиданд, ки бо мақсади пурра таъмин намудани нуқтаҳои баркашӣ бо барқ, интернети баландсуръат ва камераҳои назоратӣ, ё ин ки дастгоҳу таҷҳизоти офтобӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Инчунин, вобаста ба пурзӯр намудани назорати фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва ба ин васила эмин нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал ба кормандон супоришҳои мушаххас дода шуда, дар рафти кори ҷаласа барои пурра рӯёнидани бақияи ҷаримаи протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии басташудаи солҳои 2022-2023-2024 бори дигар масъулин вазифадор гардиданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Қурбонзода Д.Қ. ҳамаи кормандонро бо фаррасии соли нави мелодии 2025 табрик намуда, барои дар соли оянда боз ҳам самаранок фаъолият намудан ва инчунини бартараф намудани камбудию норасоиҳои дар соҳаи роҳу нақлиёт ҷойдошта, дастуру супоришҳо доданд.
Сипас, бо дарназардошти масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.