Дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт санаи 24 – уми июни соли 2024 ҷаласа бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот баргузор гардид.
Маҷлисро Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон оғоз намуда, кормандони Хадамотро бо рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ иттиҳоду сарҷамъӣ, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмии як халқ ва ё миллат дар кору афкор баҳри ободонию рушди ватан ва ҳифзи истиқлоли кишвар аст.
Санаи 27 – уми июни соли 1997, ҳануз 27 сол муқаддам дар таърих – бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят ноороми даврони истиқлоли кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлатдории тоҷикон оғоз гардид.
Таърих собит намудааст, ки ҳар ҷомеа дар сурате бо низом пеш меравад, ки, агар мардум якдилу якмаром, дӯсту бародар, дастгиру пуштибони ҳамдигар бошанд, ягонагӣ, иттиҳоду ваҳдати миллиро шиори асосии худ қарор дода, ба он арҷ гузоранд, меҳри Ватанро дар дил устувор парвардаву ғамхори халқу миллати хеш бошанд.
Арзише, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурўҳу ниҳодҳо ва неруҳои иҷтимоиро дар кишвар ба ҳам бипайвандад, пеш аз ҳама, фазои оромиву осуда ва зиндагии хуши сокинони кишвар аст. Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии тақвиятбахшандаи онро пайваста таҳким бахшидан, ҷавононро дар руҳияи ватандўстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан, аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, аз ҷумла кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки алоқамандонаш асосан ҷавононанд, маҳсуб мешавад.
Имрӯз мо бояд сулҳу ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлол ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарини тамоми мардуми Тоҷикистон аст.
Дар хотима Сардори Хадамот ба кормандон бори дигар ваҳдату амният, комёбию саодат орзу намуд.
Дар фарҷом кормандон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.