Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи санадҳои меъёри-ҳуқуқии соҳавӣ ва қарори Мушовараи Вазорати нақлиёт аз 14 апрели соли 2023, №2- ро ба роҳбарӣ гирифта, мутобиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола таҷдиду барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва дигар инфрасохторҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст, ки дурусту оқилона ва самаронок истифода бурдани иншоотҳо ва назорати фаъолияти онҳо аз ҳар як корманди Хадамот масъулияти муҳимро тақозо менамояд.
Бо беҳтар гардидан ва ташаккул ёфтани инфрасохтори нақлиётии кишвар сатҳи хизматрасонӣ низ дар бозори нақлиётӣ сифатан тағйир ёфта, ба ӯҳдаи мо кормандони мақомоти назорати давлатӣ дар соҳа вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои навинро вогузор менамояд.
Вазифаи кормандони Хадамот пеш аз ҳама танзими сифатноки фаъолияти иштирокдорони бозори хизматрасонии нақлиётӣ дар асоси талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи дохилӣ ва эътироф гардидаи байналмилалӣ мебошад.
Дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷониби сохторҳои зертобеи Хадамот ҷиҳати таъмини фаъолияти нозиротию танзимӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Бо риояи талаботи қонунгузорӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 оид ба фаъолияти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, хоҷагии роҳҳо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ дар маҷмӯъ 1034-адад иҷозатнома дода шуда, муҳлати амали 359-иҷозатнома тамдид карда шудааст. Аз ҳисоби иҷозатномаҳои додашуда 630 ҳазору 120 сомонӣ сомонӣ ба буҷаи давлат ворид карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 112,8%-ро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумотҳои РБДА ба ҳолати 1.01.2023с дар миқёси ҷумҳурӣ 592317-адад воситаи нақлиёти автомобилӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 53131-адад воситаи нақлиёт ҳамчун нақлиёти ҷамъиятии дар иқтисодиёт истифодашаванда ва фаъолияташон иҷозатномашаванда, ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ машғул мебошанд.
Хадамот дар маҷмуъ аз руи ҳамаи нишондиҳандаҳо дар давоми нимсолаи якум ба буҷети ҷумҳурӣ 7 миллиону 280 ҳазору 559 сомонӣ маблағ ворид намудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 826 ҳазору 998 сомонӣ зиёд буда, 163,4%-ро ташкил медиҳад.
Барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар давоми шашмоҳа нисбати шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар маҷмуъ 31567-адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5382-адад зиёд буда, 120,6%-ро ташкил медиҳад.
Аз шумораи протоколҳои тартибдодашуда 92-адад нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдор татбиқ гардидааст.
Хадамот бо мақсади иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №779 «Дар бораи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд» назоратро дар самти ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн пурзӯр намуда, ҳамарӯза нисбати қоидавайронкуниҳои ошкоргардида чораҳои маъмурӣ андешиданд.
Дар давоми нимсолаи якум 1160 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ба қайд гирифта шуданд, ки нисбати ронандагон бо моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 3 миллиону 944 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд, ки ин нишондодиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 116 ҳазору 800сомонӣ зиёд буда, 203,2%-ро ташкил медиҳад.
Илова бар ин барои интиқол додани борҳои калонҳаҷм ва вазнини тақсимнашаванда 226-адад иҷозати махсус ба маблағи 642ҳазору 770сомонӣ дода шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта, шумора — 4,7 маротиба ва маблағ бошад 2,7 маротиба зиёд мебошад. Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани ҳолати роҳҳои автомобилгард аз гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳар як Раёсатҳои минтақавии Хадамот моҳе як маротиба дар ҳамбастагӣ бо кормандони шабакаҳои телевизионӣ барномаҳо омода ва тариқи телевизион намоиш доданд ва корҳо дар ин самт идома дорад. Мутахассисони Хадамот тибқи нақша-чорабиниҳо дар ҳамбастагӣ бо мақомоти Прокуратура рейдҳои муштарак ташкил намуда, дар назди корхонаҳои истеҳсоли сементбарорӣ, карьерҳои коркарди қуму шағал ва дар роҳҳои автомобилгард гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазнро мавриди санҷиш қарор дода, нисбати қоидавайронкунандагон тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани назорати фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн нисбатан кам гардида истодааст.
Дар нуқтаҳои баркашӣ ба 105865-адад воситаи нақлиёти боркаш сертификати баркашӣ, 5009-адад сертификати салоҳиятнокии касбӣ ва 348-адад сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта сертификати баркашӣ-116,6%, сертификати салоҳиятнокии касбӣ-106,8% ва сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ -119,5% зиёд мебошад. Бори тақсимшавандаи 156 адад воситаи нақлиёт ба миқдори 1226,8 тонна (соли гузашта-559,9 тонна) фароварда шуд, ки бори фаровардашуда дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 219,9% зиёд аст.
Ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар нуқтаҳои назоратӣ ва хатсайрҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 2499 маротиба рейдҳо гузаронида, дар натиҷа 38852-адад воситаи нақлиёт мавриди корҳои нозиротӣ қарор дода шуданд.
Бояд зикр намуд, ки бо иқдоми роҳбароияти Хадамот ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ дар шаҳри Душанбе ва пешгири намудани воридшавии таксиҳои шаҳру ноҳияҳои гирду атроф ба шаҳри Душанбе санаи 11 майи соли 2023 бо иштироки роҳбарони ширкатҳои мусофирбари таксӣ ҷаласа гузаронида шуда, камбуди ва қоидавайронкуниҳои ҳар як ширкат дар алоҳида баррасӣ ва муҳокима карда шуда,оиди минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Нисбати қоидавайронкуниҳои ронандагони воситаҳои нақлиёти сабукрави кироякаши таксиҳои ҷамъиятҳои нақлиётӣ дар маҷмуъ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 1125-адад протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки қисми зиёди қоидавайронкуниҳо вобаста ба риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома мебошад. Дар ин замина нисбати шахсони мансабдори ҶДММ “Сайёҳон”, “Олуча таксӣ” ва “Сомон такси сайр” низ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда ҷаримабандӣ гардиданд. Оид ба фаъолияти ғайриқонунии ронандагони таксиҳои ширкатҳои нақлиётӣ, ки суроғаи ҳуқуқии ҷойгиршавии онҳо берун аз пойтахт мебошад ва худсарона ба шаҳри Душанбе даромада мусофиркашонӣ менамоянд, ҳамарӯза чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст. Аз ҷумла амали иҷозатномаи ҶДММ «Ҷасур-Т», ки бештари таксиҳояш дар ҳудуди пойтахт ба мусофирбари машғул буданд, ба муҳлати як моҳ боздошт карда шуд. Бо мақсади пешгирӣ намудани воридшавии ин гуна таксиҳо ба пойтахт, бо дастури Хадамот намуди зоҳирии таксиҳои ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе ва намуди варақаҳои назоратӣ дигаргун карда шуданд. Аз аъзогии ширкату ҷамъиятҳои таксии дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, дар маҷмуъ 1087-адад таксиҳое, ки аз квотаҳои муқарраршуда зиёд буданд, бо дастури Хадамот аз қайди ҷамъиятҳо бароварда шуданд. Дар самти батанзимдарории фаъолияти ғайриқонунии таксиҳои 7 сомона низ назорат ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.
Натиҷаи корҳои санҷишию нозиротии гузаронидашуда дар давоми нимсолаи якум нишон доданд, ки аз ҷониби баъзе ширкату ҷамъиятҳои нақлиётӣ шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ риоя нагардидаанд.
Бинобар ин дар вилояти Суғд нисбати 17 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдори корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ, дар шаҳри Душанбе нисбати 10 нафар, минтақаи Ҳисор 4-нафар, минтақаи Бохтар 3-нафар, Кулоб 1-нафар, минтақаи Рашт 7-нафар ҷамъ 34-нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ барои бе иҷозатнома ва ғайриқонунӣ ба фаъолиятҳои иҷозатномашавандаи соҳаи нақлиёт машғул шудан нисбати 1653 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва инчунин барои бе роҳхату борхат фаъолият намудан зиёда аз 1200 нафар ронандагон бо моддаҳои 510 ва 511-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардиданд.
Таҳлили раванди ситонидани маблағи ҷаримаҳои басташуда нишон медиҳад, ки гарчанде, иҷроиши маблағҳои протоколҳои солҳои 2022 ва 6 моҳи соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро дар нимсола зиёд шудааст, вале айни замон дар ҳамаи раёсатҳои минтақавии Хадамот маблағҳои иҷронашуда ҳануз зиёд боқи мондааст. Масалан ба ҳолати 1.07.2023с маблағҳои дар рафти иҷроиш қарордошта дар Раёсати вилояти Суғд 1667511сомонӣ, ва раёсати минтақаи Ҳисор 1244553сомонӣ ва дигар раёсатҳо аз 200000 то 800000сомони буда, ҷамъ 5233090 сомониро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати таъмини назорати пардохти ҳаққи роҳкиро аз ҷониби мусофирон дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ кормандони Хадамот дар дохили нақлиётҳои ҷамъиятӣ корҳои нозиротӣ гузаронида, дар давоми нимсолаи якум нисбати 2918-нафар мусофирон бо моддаи 2951-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои пардохт накардани ҳаққи роҳкиро чораҳои маъмурӣ андешида, ба маблағи 49512 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта —173,7% зиёд мебошад.
Хадамот тибқи Созишномаҳои байналмилалӣ ва квотаи тасдиқгардида барои соли 2023 бо 20 давлати хориҷӣ мубодилаи рухсатномаҳоро ба анҷом расонида, назорати истифодабарии онҳо зери назорат қарор дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз 18 гузаргоҳи сарҳадӣ 7-ададаш фаъол буда, воридоту содирот ва гузариши транзитӣ ба қайд гирифта шудааст.
Воридот | Содирот | Транзит | ||||||
(адад) | Шумораи нақлиёти боркаш | Ҳаҷми бор (тонна) | Шумораи мусофир (нафар) | Шумораи нақлиёти боркаш (адад) | Ҳаҷми бор (тонна) | Шумораи мусофир (нафар) | Шумораи нақлиёти боркаш (адад) | Ҳаҷми бор (тонна) |
Семоҳаи якуми2023с. | 40678 | 678054 | 2377 | 37775 | 610022 | 16465 | 78 | 1751 |
Семоҳаи якуми2022с. | 38462 | 534002 | 4333 | 36398 | 675799 | 11216 | 156 | 3881 |
% | 105,7% | 126,9% | 54,8% | 103,7% | 90,2% | 146,8% | 50% | 45,1% |
Дар маҷмуъ аз ҳисоби хизматрасониҳо дар давраи ҳисоботӣ 3 миллиону 257 ҳазору 617 сомонӣ маблағҳо ба суратҳисоби махсуси Хадамот ворид карда шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 888 ҳазору 220 сомонӣ зиёд буда, 137,4%-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳиссаи нишондодҳои воситаҳои нақлиёти ватанӣ дар воридот ва содироти борҳои байналмилалӣ ба 55% рост омадааст.
Дар маҷмуъ барои интиқол додани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ба ширкатҳои нақлиёти байналмилалӣ 29959-адад рухсатнома тақсимот шуда, аз ин шумора дар нимсола 21025-адад рухсатнома истифода бурда шудааст.
Хадамот дар соли 2023 дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозӣ санҷиши фаъолияти 164 субъекти хоҷагидорро ба нақша гирифта, дар нимсолаи якум 70 санҷиш гузаронидааст, ки дар маҷмуъ – 85%-и нақшаи нимсолаи якумро ташкил дода, 12 санҷиш бо сабабҳои узрнок гузаронида нашудаанд. (Раёсатҳои Бохтар -2, Душанбе -1, Рашт-1, шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва обӣ -1 ва шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳои Дастгоҳи марказӣ -7).
Дар нимсолаи якум мувофиқи нақшаи корӣ мутахассисони Хадамот ҷараёни корҳои сохтмониро дар лоиҳаҳои амалишудаистодаи роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб 36-ум километр, Кӯлоб-Қалъаи Хумб қитъаи «А», Левакант-Оқмазор, Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт, Душанбе-Бохтар марҳилаи сеюм (Қизилқалъа-Бохтар), Қалъаи Хумб-Ванҷ(сарҳади ноҳияи Рушон) ва сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод қитъаи 1, роҳҳои автомобилгарди хиёбони Рудакӣ ва кучаи Шевченкои шаҳри Душанбе, пайваста назорат намуда, дар ин лоиҳаҳо як қатор камбудию норасогӣ ва нуқсонҳо ошкор карда шуданд. Барои бартарафсозии камбудиҳои ошкоргардида ба масъулини ширкатҳои дар лоиҳаҳои болозикр фаъолияткунанда, аз ҷумла ҶДММ «Сензян Бейсин», ширкати чинои «ХУНАН РОАНД», ҶДММ «Тоир Сохтмон», ҶДММ «Насби нур», ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷик», КВД «Роҳсоз» КВФ «Лоиҳакаши обдеҳот», ҶДММ «Детион Бетон», ва дигарон ҷамъ 31-адад Огоҳиномаҳо дода шуданд ва иҷрои супоришҳо зери назорати кормандони Хадамот қарор дорад. Барои риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома нисбати ҶДММ «Идеал Сервис» ва барои бе иҷозатнома фаъолият намудан нисбати ҶСП «ЗАБ» бо моддаҳои дахлдор протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба судҳо ирсол карда шуданд. Дар маҷмуъ нисбати роҳбарони ҷамъиятҳои роҳдорӣ 12-адад протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Аз натиҷаи корҳои баанҷомрасонидашуда ба Вазорати нақлиёт пайваста маълумотҳои муфассал пешниҳод карда шуданд.
Дар нимсолаи якум барои амалӣ намудани фаъолияти роҳдорӣ ба 23-адад корхонаҳои роҳдорӣ иҷозатнома дода шуда, нисбати камбудиҳои ошкоргардидаи соҳаи роҳдорӣ дар маҷмуъ 2901-адад протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Инчунин кормандони Хадамот фаъолияти МДНРА-ро дар самти нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, гузаронидани таъмири ҷории роҳҳо ва омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ мунтазам назорат намуда, барои ҷой доштани камбудиҳо нисбати шахсони масъули 20 Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ карда шуданд.
Корҳои нозиротӣ дар самти назорати фаъолияти соҳаи роҳи оҳан тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, бо риояи муқаррароти қонунгузорӣ ба фаъолияти 25-адад корхонаҳои роҳи оҳан иҷозатнома дода шудааст.
Дар ширкату ҷамъиятҳои роҳи оҳан корҳои нозиротӣ гузаронида шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини корхонаҳо 28-адад Огоҳинома дода шуда, нисбати шахсони масъул 6-адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Нишондиҳандаҳои ин самти фаъолият нисбати соли гузашта 156% зиёд мебошад.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар Хадамот фармоиши зимистонгузаронӣ, нақшаи корӣ ва Ситоди фаврӣ ташкил карда шуда, раванди омодагиҳои инфрасохтори комплекси нақлиётӣ ба зимистон доимӣ зери назорат қарор дода шуданд.
Хадамот вобаста ба иҷрои қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2023, №2 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023 тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, супоришҳои дар бандҳои 1 ва 10 дарҷгардидаро таъмин намуданд.
Барномаи электронӣ-рақамӣ дар Хадамот ва КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт фаъол буда, айни замон такмилдиҳии барнома аз ҷониби барномасозон ва мутахассисони бахши иттилоотӣ ва барномаҳои электронӣ-рақамӣ идома дорад. Ҳамарӯза ба барнома протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии тартибдодашуда ва иҷозатномаҳои додашуда дохил карда мешаванд. Мутахассисони Хадамот ҷиҳати шиносоӣ ва омӯзиши барномаи электрони-рақамӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Вазорати нақлиёт ба Ҷумхурии Узбекистон сафар намуда, дар самти мубодилаи рухсатномаҳо ба таври электронӣ барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ малакаи кори худро такмил доданд.
Фаъолияти молиявии Хадамот мувофиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷот барои давраи ҳисоботӣ ба роҳ монда шуда, ҳамаи маблағҳои ҷудогардида мақсаднок истифода бурда шуданд. Аз ҳисоби даромади маблағҳои махсус 998655сомонӣ (45 %) ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.
Вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Хадамот корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро дар байни коллективи кормандон ба роҳ монда, бобати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо ва риояи меъёрҳои муқарраргардида тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 4 тўйи домодию арусӣ ва 4 маросими дафну азодорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо меъёрҳои пешбинишуда риоя гардиданд.
Дар давоми нимсолаи якум бо тариқи аризаи хаттӣ 27 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Хадамот муроҷиат намуданд, ки онҳо мувофиқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба унвонии Хадамот 375 ҳуҷҷатҳои расмӣ аз вазорату идораҳо, ташкилоту ширкатҳои давлатию хусусӣ ворид гардиданд, ки ҳамаи онҳо дар мўҳлатҳои муқарраргардида баррасӣ ва посухҳо дода шуданд. Аз Хадамот 343 ҳуҷҷати расмӣ содир шудааст.
Кормандони Хадамот амалҳои хайриявии худро идома дода дар нимсолаи якум ба ятимону камбизоатон, маъюбон ва шахсони ниёзманд ба маблағи 99200 сомонӣ кумакҳои моддӣ расониданд.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар доираи ваколатҳо назорат ва танзимро дар фаъолияти соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ минбаъд низ пурзӯр менамояд.