Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат асоситарин рукни давлатдорӣ буда, барои таҳкими арзишҳои миллӣ, шинохти давлатсозӣ ва тақвияти шарофати инсонӣ заминаҳои маънавиро муҳайё менамояд. Махсусан дар замони муосир, ки бархӯрди манфиатҳои қудратҳо ба авҷи худ расидааст, маҳз истиқлолият ва шинохти манфиатҳои миллӣ кишварҳоро метавонад ҳифз намояд.

Воқеаҳои солҳои 90-и кишвар, ки болои мардуми мо таҳмил шуд, нишон дод, ки нифоқу кудурат мардумро ба парокандагӣ ва кишварро ба нестӣ мерасонад.
Хушбахтона, дар чунин як ҳолати сангин ба бахти миллати тоҷик фарзанди диловари мардуми Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти давлатсозиро рӯи шонаҳои пурнанги худ гирифта, миллатро аз парокандагӣ, кишварро аз нестӣ ва Ватанро аз тафриқаҳо наҷот дод.

Пешвои миллат решаҳои фитнаро аз марзи муқаддаси Тоҷикистон барканданд, оташи ҷанги таҳмилиро хомӯш сохтанд ва ба истиқлолияти сиёсии давлат умри ҷовидона эҳдо намуданд.

Имрӯз истиқлолияти давлатии мо 30-сола шуд. Дар ин муддат, кишвар дар тамоми самтҳо худро аз нав сохт, шохаҳои ҳокимияти давлатиро мустаҳкам намуд ва зиндагии мардумро ба самти фараҳу шодмонӣ ва илму маърифат раҳнамун сохт.

Кишвари мо дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Аз ҷумла, дар соҳаи нақлиёт натиҷаҳои хуб ба бор омад.
Ҳоло дар бозори хизматра­сониҳои нақлиёти автомобилӣ 1674 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 221 корхонаи нақлиёти автомобилӣ (81 мусофирбар, 104 боркаш ва 36 омехта (боркашу мусофирбар), 51  терминали  мусофирбарӣ, 11 терминали боркашонӣ, 1314 нуқтаи таъмир ва хизматрасонии техникии таъмири нақлиёт ва 77 қароргоҳи нақлиёти автомобилӣ, инчунин 886 хатсайри мусофирбарӣ (180 шаҳрӣ, 571 наздишаҳрӣ, 118 байнишаҳрӣ ва 17 байналмилалӣ ба қайд гирифта шудаанд.

  Дастовардҳои дар замони Истиқлол ба дастомадаи соҳаро агар ном барем, хеле зиёданд, вале мо ифтихор мекунем, бар он ки ҳамаи ин муваффақиятҳо бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва заҳмати шабонарўзии Шумо, роҳсозону нақлиётчиён ба даст омадаанд.
Бо ибрози ниятҳои нек, бори дигар ҳар яки шумо кормандони  соҳаи нақлиёт ба ифтихори ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба ҳамаи шумо тани сиҳат, иқболи баланд ва дар хонадонатон хушбахтӣ ва файзу баракат орзу менамоям.