Галерея

Баррасии маводҳои дастрасшуда аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт оиди камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ҶДММ «Ҷасур Т»

    Қурбонзода Далер Қурбон – Раиси комиссияи иҷозатномадиҳии Дастгоҳи марказии Хадамот маводҳои дастрасшударо оиди ҷой доштани камбудию норасогиҳо дар фаъолияти ҶДММ “ Ҷасур Т” мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуд, ки аз тарафи ҷамъияти мазкур  талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №374 аз 23.07.2009с. “Дар бораи таъмини фаъолияти бо низоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда” мунтазам риоя карда намешавад. Ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти сабукрави “таксӣ”, ки дар ноҳияҳо   фаъолият намуда истодаанд, бояд талаботҳои зикршударо риоя намоянд. Воситаҳои нақлиёти сабукрави “таксӣ” бояд дорои намои зоҳири (экипировка)-и фарқкунанда бошанд, ки дар мувофиқа бо  Мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва  аз тарафи МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” тасдиқ карда шаванд.

Вобаста ба рӯзномаи ҷаласа  Расулов Ф. — сардори Раёсати шаҳри Душанбе дар суханрониаш қайд намуд, ки  зимни гузаронидани корҳои нозиротӣ  барои худсарона фаъолият намудани воситаҳои наклиёти ҷамъияти номбурда дар шаҳри Душанбе,  ҷиҳати  мунтазам вайрон намудани талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе, инчунин  барои иҷро нагардидани шарту талаботҳои иҷозатномадиҳӣ нисбати 47-нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти ҶДММ “Ҷасур Т” протоколҳои ҳукуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Дар баромади худ муовини Сардори Раёсати ХДНТСН дар минтақаи Ҳисор Ҷамшедов М қайд намуд, ки ҶДММ “Ҷасур Т” ҳамчун ҷамъияти навтаъсис фаъолият менамояд. Аз ин рӯ пешниҳод намуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои чойдошта ба ҷамъияти мазкур як моҳ муҳлат дода шавад. Айни ҳол аз тарафи масъулини ҷамъият тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида  баъзе аз камбудиҳо бартараф шуда истодаанд. Дар сурати ислоҳ нагардидани камбудиҳои ҷойдошта  Раёсат хулосаи ниҳоии худро пешниҳод менамояд.

Сардори  ҶДММ  “Ҷасур Т “ Набиев Сайвалӣ   баромад намуда, қайд кард, ки вобаста ба  бартараф намудани камбудиҳо  чунин корҳоро ба анҷом расонидааст. Зиёда аз 150 адад воситаҳои  нақлиётҳои сабукрави таксӣ, ки соли бароришашон ба талаботи мусофирбарӣ мутобиқат намекард, аз шартномаи аъзогии онҳо бо ҷамъият қатъ гардида, аз қайди РБДА ВКД –и Ҷумҳурии Тоҷикистон  бароварда шудаанд. Инчунин сардори ҷамият  ҷиҳати иҷрои  супоришҳои протоколи  ҷаласаи назди  Сардори Хадамот  бо иштироки роҳбарони  ҷамъияту ширкатҳои нақлиётии “таксӣ”, ки  27- уми  январи соли 2023  баргузор гардида буд, қайд намуд, ки намуди зоҳирии нақлиётҳои сабукрави таксӣ ҶДММ “ҶасурТ” таҳия шудааст  ва бо МД “НАХЛ” Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст ва   12 адад воситаҳои нақлиёт  бо экипировкаи муайяншуда, ҷиҳозонида шуданд. Шуморо бовар мекунонам, ки дигар камбудиву норасогиҳои кайдгардидаро  дар муҳлати муайянгардида бартараф намуда, оиди ичроиши он маълумоти хаттӣ бо аксҳо  пешниҳод менамоям.

 Гулов Т  —  муовини директори МДК «Душанбенақлиёт хадамотрасон» баромад намуда, вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23.07 №374 “Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба  пойтахт воридшаванда”  дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ва дигар мақомотҳои назоратӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ҳамарӯза  нисбати  воситаҳои нақлиёти сабукравӣ  аз дигар шаҳру ноҳияҳо воридшуда,  чораандешӣ намуда истодаанд.

Бо дарназардошти масъалаи баррасишуда ва таклифу пешниҳоди иштироккунандагон ҷаласа қарор қабул кард:

       1. ҶДММ «Ҷасур Т»  вазифадор карда шавад, ки дар муҳлати як моҳ ҳамаи воситаҳои нақлиёти шомилгардидаро бо намои (экипировкаи) фарқкунандаи ягона таъмин намуда, ҳамзамон ҷиҳати ворид  нашудани воситаҳои нақлиёти «таксӣ» ба пойтахт ва халал  насохтан ба низоми нақлиётии шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешад.

       2. Дар сурати бартараф нагардидани камбудиҳои ҷойдошта ва такрор ёфтани онҳо,  масъалаи боздошти  фаъолияти ҶДММ «Ҷасур Т» дар комиссияи иҷозатномадиҳӣ дида баромада шавад.

Президент

Основатель мира и национального единства - Лидер нации, Президент Республики Таджикистан

Эмомали Рахмон

Министр транспорта

Министр транспорта Республики Таджикистан

Азим Иброхим

Начальник службы

Начальник Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта

Курбонзода Далер Курбон