Галерея

ТАБРИКОТИ Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Далер Қурбон бахшида ба “Рӯзи Модар”

Бонувони азиз!

     Ҷашни зебою фархунда – Рӯзи Модарро ба Шумо табрику таҳният намуда, бароятон cаодату хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори ободу осударо таманно менамоям.

     Дар ин лаҳзаҳои бузургиву шаҳомат, лутфу назокат ва меҳрубониву самимият, ки моро гирди ҳам овардааст, зарур медонам, ки мавқею саҳми занонро дар ҷомеа қайд намоям. Нақши занро шоирони бузурги мо зиёд дарҷ намудаанд:

Биҳишт, эй ҳамдилон, зери қудуми модарон бошад,

Ҳама дарди ҷаҳон дар қалби модарҳо ниҳон бошад.

Дуъои ҷони фарзандаш кунад дар ҳар ибодат ӯ,

На дар фикри ғами дунё, на дар моли ҷаҳон бошад.

     Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.

     Маҳз ба ҳамин хотир мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фурӯд меоранд.

     Рӯзи Модар ҳамасола 8 март, яъне дар фасли баҳор таҷлил мешавад.

     Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад.

   Бузургии зан-модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории ӯ таҷассум меёбад.

     Зеро дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ, раҳму шафқат, меҳрубонӣ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдат, дӯст доштани Ватан ва ба кору амалҳои неку созанда даъват мекарданд ва имрӯз низ, ин рисолатро онҳо ба зимма доранд.

     Бо назардошти боло бурдани мавқеи зан, бунёди ҷомеаи солим, пойдории оилаҳои ҷавон ва тарбияи фарзандони боақлу соҳибмаърифат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармони махсус “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба тасвиб расид, ин иқдом ҷиҳати саҳми занон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат заминаи боэътимод ба шумор меравад.

    Ин иқдоми накӯ аз ҷониби кормандзанони Хадамот низ муҳим арзёбӣ гардида, дар баробари пеш бурдани фаъолияти хизматӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Ҳозирини гиромӣ!

     Имрӯзҳо занони Хадамот дар баробари мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, бо саҳмгузорӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи роҳ ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва амнияти шаҳрвандон, аз худ истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ, вафодорӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихорро зоҳир менамоянд.

    Айни замон дар Хадамот беш аз 40 нафар занон кору фаъолият менамоянд, ки масъулияти баланди касбиро ба ӯҳда доранд.

Бонувони азиз!

     Бори дигар, бо камоли эҳтирому самимияти беандоза Шуморо аз номи роҳбарияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва шахсан аз номи худам бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба аҳли оила ва наздиконатон саломативу сарбаландӣ, умри дарози пурбаракат, рӯзгори хушу хонаи обод ва дар хизмати пуршарафатон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Бо эҳтиром,

Сардори Хадамоти давлатии назорат

ва танзим дар соҳаи нақлиёт

Қурбонзода Далер Қурбон