Author: Transcontrol

Маҷлиси Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе санаи 2-юми июли соли 2025 баргузор гардида, дар он натиҷа ва дастовардҳои нимсолаи фаъолияти Раёсат аз ҷониби роҳбарияти Хадамот ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ  ва баҳогузорӣ гардид. Қайд карда шуд, ки дар ҳамаи самтҳои фаъолият нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта барзиёд таъмин карда шуданд ва сатҳу сифати хизматрониҳои соҳа низ дар пойтахти кишвар беҳтар гардидааст. Дар баробари ин камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла ғайриқонуни фаъолият кардани ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашу мусофирбар, риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома, пешгирии воридшавии воситаҳои нақлиёт аз гирду атроф ба шаҳри Душанбе, тамбашавӣ дар роҳҳои кӯчаю хиёбонҳо, ифлосшавии роҳҳо ва дигар…

Read More

Ҳамкорон ва ҳамватанони азиз! Имрӯз мову Шумо, ки дар арафаи таҷлили ҷашнвораҳои бузурги таърихӣ, 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, яъне санаи сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон мебошад, ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу осоиш ва бахту саодат орзу менамоям. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба…

Read More

«Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем». Эмомалӣ Раҳмон Санаи 25-уми июни соли равон дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти раёсати Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон бахшида ба 28-умин солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлис зери унвони «Ваҳдати миллӣ – ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик» доир гардид. Дар маҷлис роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок доштанд. Дар маҷлис қайд карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили…

Read More

25 июн сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз идома ёфт. Роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон аввалин, муҳимтарин ва бузургтарин иншоот буд, ки бо иштироки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ба истифода супоридани роҳ бо кушодани нақби мошингузар дар вазъият ва рӯҳияи идона сурат гирифт. Дарозии нақби мошингузар 3400 метр буда, бо баландии 6 метру 90 см ва паҳноии 8 метр бунёд шудааст. Иншоот бо ҷалби роҳсозони дохилу хориҷ бо риояи стандартҳои сатҳи баланд сохта шуда, қисми бештари маҳсулоти истифодашуда истеҳсоли…

Read More

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҷалол Икромии пойтахт бинои нави маъмурии КВД “Шаҳри ҳушманд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» дар асоси нишондоди Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, оид ба эълони солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири вусъати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мавриди…

Read More

Ҳангоми гузаронидани корҳои нозиротӣ ва рейдҳо, кормандони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар Вилояти Суғд 13.06.2025 ҳолатҳоеро ошкор намуданд, ки воситаҳои нақлиёти боркаш аз карьерҳои коркарди қуму шағал борҳоро аз меъёри муқарраргардида зиёд бор карда ва бе пардаи ҳимоявӣ тавассути роҳҳои автомобилгард интиқол медоданд.  Нисбати ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба расмият дароварда шуда бори барзиёдати фароварда шуд.

Read More

Баланд бардоштани сатҳи забондонии хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон, ҳамчун яке аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати кишвар, аҳамияти махсус дорад. Ин раванд на танҳо барои беҳтар намудани муоширати байни кормандони давлатӣ, балки барои таъмини рушди устувори кишвар ва беҳтар намудани хизматрасониҳо ба шаҳрвандони хориҷи низ муҳим аст. Раванди дарсҳои забономӯзии кормандон, махсусан дар муҳити корӣ, хеле муҳим аст. Ин раванд метавонад дар шаклҳои гуногун сурат гирад, ки ба он омӯзиши забонҳои хориҷӣ, такмили дониши забонҳои мавҷуд, ва рушди малакаҳои коммуникативӣ дохил мешавад. Барномаҳои омӯзишӣ бояд бо талаботҳои замони муосир ва ниёзҳои хизматчиёни давлатӣ мутобиқ шаванд. Омузиши забонҳо барои хизматчиёни давлатӣ имконият медиҳад,…

Read More

Фарорасии Иди саиди Қурбонро ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, рӯзгори тинҷу осуда, дастархони пурфайзу бобаракат, хотирҷамъию саодати зиндагӣ ва ба Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо пешрафту ободкориҳо таманно менамоям. Мардуми шарафманди кишварамон, аз ҷумла кормандони комплекси нақлиётӣ дар рӯзи мубораки Иди Қурбон суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла амалҳои хайру саховат ва бахшандагиро боз ҳам вусъат мебахшанд. Боиси таъкид аст, ки Иди Қурбон дар баробари дигар ҷашну маросими таърихӣ, миллӣ ва динии мардуми тамаддунофари мо, маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ шукӯҳи тоза касб намуда, арзишҳои қаблии худро эҳё намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ…

Read More

Санаи 3-юми июни соли 2025 дар назди Сардори Хадамот -Қурбонзода Д.Қ ҷаласаи назоратӣ баргузор гардида, якчанд масъалаҳои корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сардори Хадамот ба масъалаи сарфакорона истифодабарӣ ва пешгирии ғайриқонуни қувваи барқ диққати кормандонро ҷалб намуда, ҳамзамон дастур доданд, ки ҳамаи воҳидҳои сохторӣ дар ин хусус огоҳонида шаванд. Дар идомаи ҷаласа нисбати маълумот ва ҳисоботҳои моҳонаи пешниҳоднамудаи раёсатҳои зертобеъ, асоснокӣ ва дурустии онҳо қайд карда шуда, ҳамзамон талаб карда шуд, ки ҳисоботҳои воҳидҳои сохторӣ бо шуъбаи рақамӣ ва таҳлилию иттилоотӣ муқоиса карда шавад. Муҳлат муқаррар гардид, ки то охири моҳи июн ҳамаи протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмури тартибдодашуда ба барнома…

Read More

Дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт санаи 2 июни соли 2025 бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот вобаста ба шарҳу татбиқи мазмуну муҳтавои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар ва пурзур намудани ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, инчунин риоя ва иҷрои қатъии он таҳти унвони “Истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ дорад” вохӯрӣ баргузор гардид.Ҳадаф аз баргузории маҷлис баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии кормандон ва шарҳи мазмуну муҳтавои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар ва…

Read More