Author: Transcontrol

Санаи 22-юми июли соли 2025 дар назди Сардори Хадамот бо иштироки кормандони масъули воҳидҳои сохтории минтақаҳо дар бораи пурра пешгирӣ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард ва ба танзим даровардани фаъолияти онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Қайд карда шуд, ки дар давраи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии сарборӣ ба тири меҳвари воситаи нақлиёт борҳо асосан шабона интиқол дода мешаванд. Масъалагузорӣ карда шуд, ки бо риояи талаботи Кодекси меҳнат шабона кормандон назоратро пурзӯр намуда, мошинҳои гаронвазн ва ғайриқонуни фаъолияткунандае, ки аслан шабона борҳоро интиқол медиҳанд, пурра пешгирӣ ва чораандешӣ карда шаванд. Зарур шуморида шуд, ки бо корхонаҳои истеҳсолкунанда дар бораи…

Read More

Санаи 21 июли соли 2025 маҷлиси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар мавзӯи «Шарҳи муқаррароти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, махсусан қайд карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таълиму тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеа нақши муассир дошта, дар ташаккули худшиносӣ, сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбад. Ин иқдоми созандаю саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи ҷинояткориро миёни…

Read More

Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳилаи якум доир ба ҷамъбасти 6 моҳа баррасӣ шуд. Санаи 18 июли соли равон оид ба баррасии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳилаи якум бо иштироки роҳбарияти Хадамот, кормандони дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории он ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои Стратегияи мазкур бо фармоиши сардори Хадамот аз 17.01.2025, №06 Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт барои соли 2025 тасдиқ гардидааст. Ҷиҳати муқовимат бо коррупсия дар соҳаҳои Хадамот дар…

Read More

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар Вилояти Суғд ҷиҳати ба тартибу низоми муайян даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд назоратро дучанд пурзӯр намуда, нисбати ронандагоне, ки ғайриқонунӣ мусофирбари менамуданд ва ё шарту талаботи иҷозатномаро дағалона вайрон кардаанд ва ҳамчунин дигар намуди қоидавайронкуниҳои гуногунро вобаста ба ҳаракат дар роҳ содир намуданд, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмият даровардашуда, ҷаримабандӣ гардиданд.

Read More

Дар санаи 16 июли соли 2025 дар бинои КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”натиҷагири аз фаъолияти нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт – Раҳимзода М.У., ҳайати роҳбарикунандаи корхона, сардори Раёсат, сардорони шӯъбаҳо, мудирони бахшҳо ва роҳбарони филиалҳои корхона иштирок намуданд. Сараввал директори корхона муҳтарам Саидзода С.С. суханрони намуда қайд намуданд, ки дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ соҳаи нақлиёт мавқеи муҳим дошта, яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар…

Read More

Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти роҳбарии Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷаласа баргузор гашт. Дар ҷаласа Саидмуродзода Ш. – муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва натиҷаҳои фаъолияти соҳаро мусбӣ арзёбӣ намуда, оид ба фаъолияти кормандони Хадамот ва роҳбарияти он дар самти бартараф намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин ва ба ин васила пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард сухан ронд. Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи…

Read More

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 8 июл то 30 сентябр муваққатан қатъ карда мешавад. Ин тадбир бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонии иншооти «Таъмири асосии кӯчаҳои протоколӣ аз VIP-зали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе то кӯчаи Карамов» амалӣ мегардад. Вобаста ба ин тадбир самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбар, ки дар кӯчаи А.Дониш (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ), кӯчаи С.Айнӣ (аз кӯчаи А.Дониш то хиёбони Рӯдакӣ) ва хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи С.Айнӣ то кӯчаи…

Read More

Дар маҷлисгоҳи Хадамот бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳи марказӣ  ва кормандону роҳбарони РХДНТСН дар минтақаи Бохтар маҷлиси Раёсати Хадамот дар минтақаи Бохтар санаи 4-юми июли соли 2025 баргузор гардид, ки аз ҷониби сардори Хадамот нишондиҳандаҳои нимсолаи фаъолияти Раёсат ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардид. Ҳамзамон иҷрои супоришҳои қаблан додашуда талаб карда шуд. Масъалаҳои ворид намудани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тариқи барномаи рақамӣ махсусан рақамикунонии соҳаи нақлиёт аз ҷониби кормандони раёсат, ғайриқонунӣ фаъолият кардани ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашу мусофирбар, риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома, пешгирии воситаҳои нақлиёти вазнин, ифлосшавии роҳҳо ва дигар масъалаҳо муҳокима гардида, ҷиҳати бартарфсозии камбудиҳо, махсусан дар самти иҷрои пардохти маблағҳои ҷаримаи…

Read More

Дар маҷлисгоҳи Хадамот бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳи марказӣ ва кормандону роҳбарони РХДНТСН дар минтақаи Рашт маҷлиси Раёсати Хадамот дар минтақаи Рашт санаи 4-юми июли соли 2025 баргузор гардид, ки аз ҷониби сардори Хадамот нишондиҳандаҳои нимсолаи фаъолияти Раёсат ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардид. Ҳамзамон иҷрои супоришҳои қаблан додашуда талаб карда шуд. Масъалаҳои ворид намудани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тариқи барномаи рақамӣ махсусан рақамикунонии соҳаи нақлиёт аз ҷониби кормандони раёсат, ғайриқонунӣ фаъолият кардани ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашу мусофирбар, риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома, пешгирии воситаҳои нақлиёти вазнин, ифлосшавии роҳҳо ва дигар масъалаҳо муҳокима гардида, ҷиҳати бартарфсозии камбудиҳо, махсусан дар самти иҷрои пардохти маблағҳои ҷаримаи…

Read More

Санаи 3 – юми июли соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамот бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳи марказӣ ва кормандону роҳбарони РХДНТСН дар минтақаи Ҳисор маҷлиси Раёсати Хадамот дар минтақаи Ҳисор баргузор гардид, ки аз ҷониби сардори Хадамот нишондиҳандаҳои нимсолаи фаъолияти Раёсат ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардида, инчунин иҷрои супоришҳои қаблан додашудаи роҳбарияти Хадамот талаб карда шуд. Масъалаҳои ворид намудани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тариқи барномаи рақамӣ махсусан рақамикунонии соҳаи нақлиёт аз ҷониби кормандони раёсат, ғайриқонунӣ фаъолият кардани ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашу мусофирбар, риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома, пешгирии воситаҳои нақлиёти вазнин, ифлосшавии роҳҳо ва дигар масъалаҳо муҳокима гардида, ҷиҳати бартарфсозии камбудиҳо, махсусан дар самти…

Read More