29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Точикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”, Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ ва КВД “Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарзи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” шинос шуданд. Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи амалисозии рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт таъсис дода шудааст. Бо амалӣ шудани низоми рақамии назорат имкон фароҳам гардид,…
Author: Transcontrol
Баҳри таъмини талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №642 аз 14.12.2020с. (ворид намудани тағйирот ба қарори №374 аз 23.07.2009с.) “Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда”, инчунин, ҷиҳати бартараф намудани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе ва пешгирӣ кардани воридшавии ғайриқонунии нақлиёти мусофирбар ба пойтахт, кормандони Раёсат дар ҳамбастагӣ бо кормандони БДА-и шаҳри Душанбе дар даромадгоҳҳои пойтахт нуқтаҳои назоратӣ ташкил карда шудааст ва ҳамарӯза воридшавии ғайриқонунии воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар маҳаллаҳои “Обшорон”, маҳаллаи 46-ум, назди бозори “Саховат”, дар майдончаи назди Маркази ташхиси техники, маҳаллаи “Политехникум”, “Гипрозем”, назди маркази савдои “Марва (собиқ “Зарнисор”), назди маркази савдой “Садбарг”…
Дар оғози кори ҷаласа Қурбонзода Д.Қ– Сардори Хадамот натиҷаи иҷрои нақшаи барои семоҳаи сеюми соли 2024 тасдиқшударо баррасӣ ва муҳокима намуда, нисбати раёсатҳое, ки иҷрои баъзе нишондиҳандаҳои нақшаро таъмин накарданд, эрод гирифта шуд. Ҳамзамон таҳлили иҷрои бақияи ҷаримаи протоколҳои маъмурии басташудаи солҳои 2022-2023-2024 гузаронида шуда, масъулин вазифадор гардиданд, ки то охири соли ҷорӣ иҷроиши маблағҳоро пурра таъмин намоянд. Баъдан роҷеъ ба масъалаҳои назорат ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва боркаш, алалхусус нақлиётҳои гаронвазн, пешгирии фаъолияти воситаҳои нақлиёти ифлос ва бе пардаи ҳимоявӣ интиқол додани борҳои пошхуранда диққати кормандон ҷалб карда шуда, супоришҳои иловагӣ дода шуд. Инчунин роҳбарон ва масъулони…
Дар нуҳ моҳи соли 2024 1959 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва гаронвазн ба қайд гирифта шуданд, ки нисбати онҳо бо моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурй тартиб дода шуда, ба маблағи 7052400 сомонц ҷаримабандӣ карда шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11% зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар ин давра барои интиқол додани борҳои калонҳаҷм ва вазнини тақсимнашаванда 358 – адад иҷозати махсус дода шудааст ва аз ин ҳисоб 916 ҳазору 283 сомонй ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда шудааст. Бо мақсади пешгирц намудани роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал дар нуқтаҳои баркашй 213735…
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти № 668, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ташаккули низоми устувори муносибатҳои ҳуқуқӣ, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шудааст. Тавассути маводҳо дар ин бахши сомона мо тасмим гирифтаем, ки на танҳо дониши ҳуқуқии кормандони соҳаро баланд бардорем, балки муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаро ба ҳамаи истифодабарандагони роҳу нақлиёт фаҳмонем. Шаҳри Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чанд соли охир бо мушкилоти тамбашавии бесобиқаи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо рӯ ба рӯ шудаанд, ки асосан дар соатҳои…
Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём санаи 28.12.2023 ироа гардида буд “… ҷорӣ намудани механизми назорати рақамии ҳаракати нақлиёти гаронвазн хеле муҳим аст.” санаи 18 октябри соли ҷорӣ бо мақсади таъмини гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва дидбонгоҳу нуқтаҳои вазнченкунии Хадамот бо интернети баладсуръату босифати бемаҳдуд бо намояндагони ҶСП «ТТ мобайл» (ҳоло «Мегафон – Тоҷикистон») Абдуллоев Ҳикматулло ва Нуралиева Зебо мулоқот доир гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти хуб ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи рушди коммуникатсия, инчунин, таҳия…
Санаи 16.10.2024 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт вохурии роҳбарият ва кормандони Хадамот бо роҳбарият ва кормандони КВД ”Шаҳри ҳушманд” (Smart city) баргузор гардид. Дар вохурӣ зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисоди бозорӣ яке аз масъалаҳои актуалӣ ин ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад. Зеро ҷараёни ҷаҳонишавӣ таъсири амиқи худро дар ин самт гузошта, марҳила ба марҳила гузариш ба ин самтро тақозо менамояд. Қобили зикр аст, ки зарурати гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мадди назари давлату хукумат буда, Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президента Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии…
Дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозоргонӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро шумораи зиёди давлатҳои дунё ба расмият шинохта, муносибатҳои мутақобила ва судмандро ба роҳ мондаанд, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бисёр муҳим мебошад. Яке аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати кишвар махсусан дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи забондонии хизматчиёни давлатӣ мебошад. Бо ин мақсад ва ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани бандҳои Нақша чорабиниҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии…
МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ОМИЛИ ПЕШРАФТУ СУБОТИ ҶОМЕА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ОМИЛИ ПЕШРАФТУ СУБОТИ ҶОМЕА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ОМИЛИ ПЕШРАФТУ СУБОТИ ҶОМЕА Санаи 16 октябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот, инчунин Шамсиддинзода Насим Шамсиддин ва Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин – нозирони калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарғибу ташфиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзўи муқовимат ба коррупсия ва тарғиби ҳатмии оммавии зиддикорупсионӣ, дар доираи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 таҳти унвони…
Дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт санаи 15 октябри соли ҷорӣ бо иштироки Давлатов Шуҳрат Сайфуллоевич – мутахассиси пешбари Шуъбаи мониторинги Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимов Рустам Сабурович – намояндаи IFC ва роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот дар доираи соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи имзои электронии рақамӣ” аз 30 июли соли 2007 №320, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643 “Дар бораи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 30.12.2019 №642 “Дар бораи…