Author: Transcontrol

Дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозоргонӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро шумораи зиёди давлатҳои дунё ба расмият шинохта, муносибатҳои мутақобила ва судмандро ба роҳ мондаанд, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бисёр муҳим мебошад. Яке аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати кишвар махсусан дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи забондонии хизматчиёни давлатӣ мебошад. Бо ин мақсад ва ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани бандҳои Нақша чорабиниҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии…

Read More

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ОМИЛИ ПЕШРАФТУ СУБОТИ ҶОМЕА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ОМИЛИ ПЕШРАФТУ СУБОТИ ҶОМЕА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ОМИЛИ ПЕШРАФТУ СУБОТИ ҶОМЕА     Санаи 16 октябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот, инчунин Шамсиддинзода Насим Шамсиддин ва Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин – нозирони калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарғибу ташфиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзўи муқовимат ба коррупсия ва тарғиби ҳатмии оммавии зиддикорупсионӣ, дар доираи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 таҳти унвони…

Read More

Дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт санаи 15 октябри соли ҷорӣ бо иштироки Давлатов Шуҳрат Сайфуллоевич – мутахассиси пешбари Шуъбаи мониторинги Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимов Рустам Сабурович – намояндаи IFC ва роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот дар доираи соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи имзои электронии рақамӣ”  аз  30 июли соли 2007 №320, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643 “Дар бораи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 30.12.2019 №642 “Дар бораи…

Read More

12-14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ, рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, баргузории суҳбату вохӯриҳо бо сокинон, инчунин иштирок дар тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон қарор доштанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад. Дар ҷараёни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сохтмони роҳу пулҳо дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Дар зер чанд иқтибос аз суханрониҳои Сарвари давлат дар мулоқотҳо бо роҳбарон, фаъолон ва сокинони…

Read More

Санаи 10 октябри соли ҷорӣ дар толори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, таҳти Раёсати Қурбонзода Далер Қурбон – Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Саидмуродзода Ш.  –  муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва бо иштироки намояндагони вазорат, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар 9 – моҳи соли 2024-ум баргузор гардид.

Read More

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки дар миёни ҷашнҳои давлативу миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому манзалати хосса дорад, самимона табрик мегӯям. Масъалаи таваҷҷуҳу ғамхории пайваста нисбат ба забони давлатӣ, таҳкими мақоми он ва густариш бахшидан ба доираи истифодаи забони ширину шоиронаи тоҷикӣ дар сиёсати давлати мо аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз яке аз масъалаҳои афзалиятнок ва аввалиндараҷа мебошад. Яъне имрӯз забони давлатӣ, ки дар умқи таърих реша дорад, зери ҳимояи бевоситаи давлат қарор дошта, барои рушду пешрафт ва истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамаи шароиту имкониятҳо муҳайё мебошанд. Дар ин замина, бо…

Read More

Боиси ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб рафта, бо ин забон донишмандону бузургони илму адаб осори оламшумул офарида, дар ғановати ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст”.Бояд қайд намоем, ки даврони истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати дурандешона ва маънавиятбунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ…

Read More