Author: Transcontrol

Санаи 29 апрели соли 2025 дар назди Сардори Хадамот бо иштироки воҳидҳои сохтории Хадамот маҷлиси назоратӣ баргузор гардид. Сардори Хадамот натиҷаи корҳои баанҷомрасонидаи  воҳидҳои сохториро дар ҳамаи самтҳои фаъолият ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба ҳар як воҳиди сохторӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. КВД “Маркази сетификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт муваззаф гардид, ки хонавагонҳои нуқтаҳои баркаширо аз нав бо дизайни якхела  ташкил намуда, бо компютер ва принтер, хати алоқаи баландсуръат, камераҳои назоратӣ  ва тарозуҳои муосири замонавӣ таъмин намояд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки бо экспертон оиди дуруст  ва бехато корбарӣ намудан бо тарозуҳои баркашӣ…

Read More

Рафти натиҷаи корҳои нозиротии гузаронидашудаи кормандони Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт нишон доданд, ки санаи 25.04.2025 сол автомашинаҳои боркаши ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Туркия бархилофи тартиботи муқарраргардида дар ҳудуди шаҳри Душанбе боркашони мекарданд. Нисбати онҳо бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмият дароварда шуда, ҷаримабандӣ гардиданд. Назорат дар ин самт пурзӯр карда шудааст.

Read More

Санаи 17 апрели соли 2025 фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар семоҳаи якуми соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.Дастовардҳо ва камбудию норасоиҳои  фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар семоҳаи якуми соли 2025 ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳо ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Корхона вазифадор карда шуд, ки барои ба таври электронӣ назорат намудани гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн таҷҳизотҳои муосири баркашии электронӣ (динамикӣ) дастрас ва дар нуқтаҳои баркашӣ васлу насб намоянд.  Ҳамчунин масъалагузорӣ карда шуд, ки оиди беҳтар намудани шароити корӣ…

Read More

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишу қарорҳои Вазорати нақлиёт ва нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри назорат ва танзими комплекси нақлиётӣ корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.Мувофиқи таҳлилҳои Хадамот айни замон дар самти хизматрасониҳои комплекси нақлиётӣ 211–адад корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум, 2093-адад нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ, 41-адад терминали мусофирбарӣ, 6-адад терминали боркашонӣ, 67-адад қароргоҳҳои автомобилӣ, 259-адад корхонаҳои соҳаи роҳдорӣ ва 107-адад корхонаҳои роҳи оҳан ба қайд гирифта шудаанд, ки фаъолияти…

Read More