Аз ҷониби кормандону нозирони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Ҳисор ва шуъбаи Турсунзода корҳои нозиротӣ ва фаҳмондадиҳи вобаста ба танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш роҳандозӣ гардида истодаанд. …
Author: Transcontrol
Баҳор дар диёри зебоманзари мо — Тоҷикистон — ҳамеша бо эҳёи табиат, таровати баҳорӣ ва шукуфоии гулҳои рангоранг оғоз меёбад. Гулҳо барои мардуми мо танҳо ҷузъи табиат нестанд, балки унсури муҳими таърих, фарҳанг, маънавиёт ва ҷаҳонбинии ниёгонамон ба шумор мераванд. Дар миёни гулҳои баҳорӣ гули Сиёвуш ва гули лола ҷойгоҳи вижаи таърихиву фарҳангӣ дошта, ҳамчун рамзи таҷдиди ҳаёт, зебоӣ ва ифтихори миллӣ эътироф гардидаанд. Гули Сиёвуш: рамзи покӣ ва эҳёи ҷовидонӣ Гули Сиёвуш на танҳо номи як гул, балки рамзи қадимии баҳор, Наврӯз, зиндашавии табиат ва ёдбуди қаҳрамони поку бегуноҳи таъриху устураҳои мо — Сиёвуш мебошад. Дар фарҳанги…
Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди комплекси нақлиётии кишвар” таҳти раёсати Қурбонзода Далер Қурбон – сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш Абдураҳмон Хонзода — роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Холмирзоев Муҳиддин – Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони ҲХДТ, Ҳабибзода Зоир Иззат – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва роҳбарияту кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок намуданд. Зимни суханрониҳо таъкид…
Ҳамватанон ва ҳамкорони азиз! Ҳамасола санаи 16 ноябр дар кишвари маҳбубамон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос ва ифтихори баланди ватандорӣ таҷлил карда мешавад. Шуморо ба ин санаи муқаддасу таърихӣ аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ, барори кор ва дар роҳи амалӣ намудани сиёсати созандаи Сарвари давлат комёбиҳо таманно дорам. Ин санаи фархунда танҳо хотираи оғози фаъолияти расмии Сарвари давлат нест, балки рамзи муҳими гузариш аз давраи бесуботиву ташвишҳо ба марҳалаи сулҳу субот, сохтори устувори конститутсионӣ, эҳёи давлатдории миллӣ ва ба низоми боэътимоди идоракунӣ табдил ёфтани ҷомеаи тоҷикон мебошад. Дар ин рӯзи таърихӣ…
Ҳафтаи равон аз ҷониби кормандону нозирони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар вилояти Суғд корҳои нозиротӣ анҷом дода шуд. Кормандону нозиронӣ Раёсати Хадамот дар вилояти Суғд редҳои муштараки воситаҳои нақлиёти мусофирбарро хусусан дар ҷойҳои шиддатнокии баланди воситаҳои нақлиёт, истгоҳҳо, таваққуфгоҳҳо гузарониданд. Дар рафти фаъолият муъайян гардид, ки аксари ронандагон ғайриқонуни ба кашонидани мусофирон машғуланд. Як қисми ронандагон тамоман иҷозат барои мусофиркашони надоранд ва бо (трафарет) лавҳаҷаҳои худсохт ғайриқонуни ба кашонидани мусофирон машғуланд. Аз рафти реди муштарак муайян гардид, ки қисми дигари ронандагон ки дар баланси дигар хатсайр қарор доранд аммо бо хати сайри дигар…
Санаи 12 ноябри соли 2026 ҷаласаи корӣ зери роҳбарии Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Д.Қ. бо иштироки муовинон, сардорони шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти сохторҳо таҳлил ва вазифаҳои муҳим барои оянда ба миён гузошта шуданд. Самтҳои асосии баррасишуда ва дастурҳои роҳбарият: Иҷрои нақшаи ҷаримаҳо:Таъкид гардид, ки ситонидани маблағи ҷаримаҳои протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар аксари воҳидҳои сохторӣ (ба истиснои Раёсати вилояти Суғд) нокифоя буда, суръатбахшӣ ба ин кор ва иҷрои пурраи нақша ҳатмист. Пурзӯр кардани назорати роҳҳо ва нуқтаҳои баркашӣ: Барои пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн…
Муҳтарам роҳбарон, кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ! Ҳамаи Шуморо ба ифтихори ҷашни касбӣ – Рӯзи милитсияи тоҷик самимона муборакбод мегӯям. Ба ҳар яки Шумо саломатии мустаҳкам, матонату иродаи қавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияту пуршарафатон барору комёбиҳои назаррас орзу менамоям. Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулху субот ва қонунияту тартибот мебошад. Милитсияи содиқ ба қонун ҳамеша сипари боэътимоди ҷомеа ва кафили зиндагии ороми мардум асту хоҳад монд. Имрӯзҳо мо дар фазои орому осоиштаи кишвар адои вазифа менамоем, ки ин маҳз ба шарофати хизмати…
Ҳамдиёрони азиз, кормандони муҳтарам! Шумо ва дар шахсияти шумо тамоми аҳли хонадонатонро ба муносибати яке аз муқаддастарин ва бузургтарин ҷашнҳои милливу давлатиамон — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳти дил самимона табрик ва муборакбод мегӯям.6-уми ноябри соли 1994 мардуми шарифи Тоҷикистон бо иродаи устувор ва дарки масъулияти баланди таърихӣ ҳуҷҷати тақдирсози кишвар — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд. Ин санади олии ҳуқуқӣ на танҳо пояи давлати соҳибистиқлолро устувор гузошт, балки самти рушди ҷомеаи муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро муайян намуда, заминаи боэътимоди пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллиро фароҳам сохт. Асосгузори сулҳу ваҳдати…