Санаи 8-уми январи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт тибқи Ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии тасдиқнамудаи Вазорати нақлиёт таҳти раёсти Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. маҷлис оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2025 баргузор шуд.
Дар маҷлис Саидмуродзода Шоиста – муовини Вазири нақлиёт – сарпарасти соҳа, Қодирзода Сайфулло – сардори Раёсати нақлиёти руйизаминии Вазорат, Саломзода Раҳмиддин – директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорат, Доробова Хандонгул – сармуҳаррири ҳафтаномаи “Нақлиёт”, Раҳимзода Мирзошариф – муовини якуми сардори Хадамот, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории Хадамот ширкат карданд.
Қурбонзода Д.Қ. – Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро муаррифӣ намуд ва дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар соли 2024 ва вазифаҳо дар семоҳаи якуми соли 2025 гузориши муфассал дод.
Қайд карда шуд, ки дар соли 2024 ба Буҷети ҷумҳуриявӣ 27 миллиону 834 ҳазору 980 сомонӣ пардохт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 10 миллиону 119 ҳазору 787 сомонӣ зиёд буда, 157,1%-ро ташкил медиҳад.
Дар миқёси ҷумҳурӣ 48 ҳазору 989 адад воситаи нақлиёт ҳамчун нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар ва боркаш дар корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки фаъолияти онҳо таҳти назорат ва танзим мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 74 ҳазору 611 адад протоколҳо тартиб дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 11 ҳазору 126 адад зиёд буда, 117,5%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунон дар комплекси нақлиётӣ 5 ҳазору 261 адад иҷозатномаҳо амал мекунанд.
Дар давраи ҳисоботӣ бошад 2412 адад иҷозатнома дода шудааст, ки аз ин шумора 138 адади он аз нав ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла:
– 2378 адад ба нақлиёти автомобилӣ;
– 24 адад ба хоҷагии роҳҳо;
– 10 адад ба нақлиёти роҳи оҳан тааллуқ доранд, ки ба корхонаву ҷамъиятҳои зерин дода шудаанд:
– 211 адад ба корхонаву ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ;
– 2121 адад ба нуқтаҳои таъмиру хизматрасонии техникӣ;
– 41 адад ба терминали мусофирбарӣ;
– 6 адад ба терминалҳои боркашонӣ;
– 70 адад ба қароргоҳу таваққуфгоҳҳои автомобилӣ;
– 303 адад ба корхонаҳои соҳаи роҳдорӣ;
– 107 адад корхонаҳои роҳи оҳан.
Аз ҳисоби ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳии додашуда дар давраи ҳисоботӣ ба Буҷети ҷумҳуриявӣ 8 миллиону 255 ҳазору 576 сомонӣ пардохт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 5 миллиону 63 ҳазору 136 сомонӣ зиёд буда, 260%-ро ташкил медиҳад.
Инчунин, давоми соли ҳисоботӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва соҳибкорони инфиродии дар комплекси нақлиётӣ фаъолияткунанда дар маҷмуъ 310 ҳазору 446 адад сертификат дода шудааст, аз ҷумла:
– 709 адад сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ;
– 10 ҳазору 717 адад сертификати салоҳиятнокии касбӣ;
– 299 ҳазору 20 адад сертиикати баркашӣ, ки нисбат ба соли қаблӣ 74 ҳазору 739 адад зиёд буда, 131,7%-ро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби сертификатсиякунонӣ 19 миллиону 780 ҳазору 255 сомонӣ ба суратҳисоби КВД “МСКХСН” ворид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4 миллиону 749 ҳазору 720 сомонӣ зиёд буда, 131,6%-ро ташкил медиҳад ва аз ин ҳисоб ба Буҷети ҷумҳуриявӣ 5 миллиону 567 ҳазору 163 сомонӣ пардохт гардидааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 857 ҳазору 184 сомонӣ зиёд буда, 118,2%-ро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо моддаи 311 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш 2897 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 10 миллиону 429 ҳазору 200 сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 2 миллиону 10 ҳазору 800 сомонӣ зиёд буда, 117%-ро ташкил медиҳад.
Дар соли ҳисоботӣ барои интиқол додани борҳои калонҳаҷм ва гаронвазни тақсимнашаванда 471 адад Иҷозати махсус дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 21 адад зиёд буда, аз ин ҳисоб ба Буҷети ҷумҳуриявӣ 1 миллиону 255 ҳазору 895 сомонӣ пардохт гардидааст ва нисбат ба соли қаблӣ 44 ҳазору 910 сомонӣ зиёд буда, 104%-ро ташкил медиҳад.
Дар соли ҳисоботӣ 3 ҳазору 319 тонна борҳои аз меъёр зиёди воситаҳои нақлиёти боркаш фароварда шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 858 тонна зиёд буда, 134,9%-ро ташкил медиҳад.
Дар давоми соли 2024 нисбати шахсони мансабдори корхонаҳои истеҳсолӣ, истихроҷ, коркард ва интиқолдиҳанда (борфиристанда) барои риоя накардани меъёри муқарраргардидаи вазн 38 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардиданд.
Боиси қайд аст, ки дар соли ҳисоботӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазни борашон аз меъёри муқарраршуда зиёд то 80% кам карда шуд.
Баҳри таъмини иҷрои талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 декабри соли 2020 таҳти №642 “Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда”, инчунин, ҷиҳати бартараф намудани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе ва пешгирӣ кардани воридшавии ғайриқонунии нақлиёти мусофирбар ба пойтахт, кормандони Хадамот дар нуқтаҳои назоратии пойтахт ҳамарӯза дар маҳаллаҳои “Обшорон”, маҳаллаи 46-ум, назди бозори “Саховат”, дар майдончаи назди Маркази ташхиси техникӣ, маҳаллаи “Политехникум”, “Гипрозем”, назди маркази савдои “Марва, назди маркази савдои “Садбарг” ва назди терминали “Чорбоғ”, фаъолиятро пузур намуда, фаъолияти онҳоро назорат ва танзим намуданд.
Дар самти барҳам додани фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонии воситаҳои нақлиёти рақамсафед, инчунин, таксиҳои рақамзарди силсилаи “ТТ” бо рақамҳои минтақавии “07 ва “08”, ки дар хатсайрҳои пойтахт ба низоми нақлиётӣ халал ворид менамуданд, нисбати ронандагони онҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 3680 адад протокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардиданд, аз ҷумла:
– бо моддаи 510 қисми 2 барои бе иҷозатнома фаъолияти мусофиркашонӣ намудан 540 адад;
– бо моддаи 323 қисми 1 барои худсарона баромадан аз самти ҳаракати муқараргардидаи ҳудуди фаъолият ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вориди шаҳри Душанбе гардидан, ҳамчунин халал расонидан ба низоми нақлиётӣ дар хатсайрҳои пойтахт 621 адад;
– бо моддаи 324 барои таваққуфи нодуруст ва халал расонидан ба ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ 2519 адад.
Дар рафти гузаронидани рейдҳои муштараки нозирони Хадамот бо кормандони ШБДА-и шаҳри Душанбе 65 адад воситаҳои нақлиёт боздошт гардида, ба майдончаҳои ҷаримавии РБДА фиристода шуданд.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои нозиротӣ дар кӯчаю хиёбонҳо ва масири хатсайрҳои нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе барои риоя накардани қоидаҳои истгоҳ ва таваққуфи нодуруст, инчунин, халал расонидан ба фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ нисбати 3587 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва дигар воситаҳои нақлиёт, бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Нисбати ҳуқуқвайронкуниҳои ронандагони воситаҳои нақлиёти сабукрави кироякаши таксиҳои ҷамъиятҳои нақлиётӣ 2844 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, ки қисми зиёди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ронандагони ҶДММ “Талко Персия”, ҶДММ “Сайёҳон”, ҶДММ “Олуча авто”, ҶСП “Сафар ориён” ва ҶСП “Холдинг Осиё гуруҳ Тоҷикистон” содир шуданд.
Нисбати шахсони мансабдори корхонаҳои нақлиётӣ 10 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Дар натиҷаи фаъолияти самараноки кормандони Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ 4130 адад воситаи нақлиёти таксии аз квотаи Раиси шаҳри Душанбе зиёд ва бо сӯзишворӣ фаъолияткунанда бароварда шуданд.
Айни ҳол дар ҳудуди пойтахт 5450 адад воситаҳои нақлиёти барқӣ дар 13 ширкати нақлиётии таксӣ ба мусофирон хизматрасонӣ карда истодаанд.
Бо мақсади пешгирии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе аз вайроншавии бармаҳал ва ифлосшавӣ, аз тарафи нозирони Раёсати Хадамот дар корҳонаҳои нақлиёти автомобилии боркаш ва ҷамъиятҳои ба сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна машғулбуда, вобаста ба бори аз меъёр зиёд ва бе пардаи ҳимоявӣ ҳаракат накардан, ташкил намудани нуқтаҳои шустушӯи нақлиёт дар дохили сохтмон ва бо чархҳои ифлос набаромадан ба роҳҳои автомобилгард корҳои нозиротӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба миқдори 33 адад огоҳинома дода шуда, бо дастрасии моддаҳои 290-293 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 20 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардиданд.
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли боркашонӣ бо моддаи 322 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 2 ҳазору 976 нафар ронандагон ва 10 нафар шахсони мансабдор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 428 ҳазору 544 сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 79 ҳазору 840 сомонӣ зиёд буда, 122,9%-ро ташкил медиҳад.
Инчунин, ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31.07.2017, №419 “Дар бораи амалисозии лоиҳаи “Низоми пардохти электрониии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе” дар Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе бо шумораи 12 воҳиди корӣ Шуъбаи назорат ва танзими пардохти электронӣ таъсис дода шуда, якҷо бо кормандони “Авесто Гуруҳ” ва “Душанбенақлиётхадамотрасон” корҳои нозиротӣ гузаронида, дар давраи ҳисоботӣ нисбати 6 ҳазору 922 нафар мусофирон нисбат ба соли гузашта 965 адад зиёд, дар асоси талаботи моддаи 295 прим 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷаримабандӣ шуда, аз ин ҳисоб 124 ҳазору 447 сомонӣ ба Буҷети давлатӣ пардохт гардидааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 23272 сомонӣ зиёд буда, 123%-ро ташкил медиҳад.
Дар самти хоҷагии роҳҳо дар миқёси ҷумҳурӣ айни ҳол 303 адад иҷозатнома мавриди амал қарор доранд, ки 24 адади онҳо дар соли 2024 дода шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ 4109 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, аз ҷумла:
– 255 адад барои риоя накардани қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои ҳамшафати роҳҳо яъне бе мувофиқа дар қитъаҳои ҳамшафати роҳҳо ташкил намудани нуқтаҳои хизматрасонию савдо;
– 2900 адад барои расонидани зарар ба роҳ;
– 895 адад барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи минтақаҳо ва роҳҳои автомобилгард;
– 59 адад барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории роҳҳо.
Давоми соли ҳисоботӣ ҷараён ва сифати корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Бохтар-Левакант” марҳилаи 1, “Левакант-Оқмазор” марҳилаи 2, “Оқмазор-Данғара” марҳилаи 3 ва лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди “Обигарм-Нуробод” қитъаҳои 1-2, инчунин лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди “Душанбе-Кулма”, қитъаи “Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон” ва роҳи автомобилгарди “Кучкак– Конибодом” мавриди корҳои нозиротӣ қарор гирифта, дар ин лоиҳаҳо як қатор камбудию норасогӣ ва нуқсонҳо ошкор карда шуданд, ки вобаста ба ин Протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда ҳамзамон ҷиҳати бартарафсозии онҳо Огоҳиномаҳо ба унвони роҳбариятҳои ҷамъиятҳои масъул ирсол гардидааст, ки зери назорат қарор доранд.
Ҳамчунин, кормандони Хадамот фаъолияти МДНРА-ро дар самти таъмири ҷорӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, инчунин омодагӣ ба зимистонгузаронӣ мунтазам назорат намуда, вобаста ба камбудиҳо нисбати шахсони масъули МНДРА ва ИХРА-ҳо 28 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 34 ҳазору 560 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 22 ҳазору 60 сомонӣ зиёд буда, 176,48%-ро ташкил медиҳад.
Бинобар ба шарту талаботи иҷозатнома ҷавогӯ набудани фаъолияти ҶДММ “Маҳмудиён”, ҶДММ “Обрасон” ва ҶДММ “Сайидо” иҷозатномаҳояшон бекор карда шуда, нисбати фаъолияти ширкати Намояндаи “Корпаратсияи Хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки сохмони лоиҳаи роҳи автомобилгарди “Душанбе-Кулма”, қитъаи “Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рушон” – ро ба уҳда дорад барои риоя накардани қоидаҳои барқароркунии қисматҳои дар натиҷаи корҳои таъмирию сохтмонӣ зарардидаи роҳу кучаҳо, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ оварда расонидааст, 1 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурии №0130071 тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.
Барои дар ҳамшафати роҳҳои автомобилгард сохтани ҳар гуна иншоотҳои хизматрасонӣ ба 37 нафар муроҷиаткунандагон ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳӣ дар намуди “Хулоса” дода шуда, бинобар ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгу набудан дархости 28 нафар рад карда шуд, ки аз ин ҳисоб 7 ҳазору 992 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид карда шуд.
Ҳамзамон дар раванди гузаронидани корҳои нозиротӣ дар сохтмони роҳҳои автомобилгард нисбати ҶДММ “Хуҷандроҳ”, ҶДММ “Ҷовид”, ҶДММ “Сомон сохтмон”, ҶДММ “Бунёдкор”, ҶДММ “Вектор – М”, ҶДММ “Марво”, Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи васлу истифодаи назди РБДА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ “Роҳи Обод” барои риоя накардани талаботҳои меъёрҳои сохтмонӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Дар умум дар соҳаи роҳи оҳан 107 адад иҷозатномаҳо амалкунанда буда, дар соли 2024 ба фаъолияти 10 адад корхонаҳои роҳи оҳан иҷозатнома дода шуд.
Дар раванди гузаронидани корҳои нозиротӣ барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини корхонаҳо 11 адад Огоҳинома дода шуда, нисбати 3 нафар шахсони мансабдор бо моддаи 293 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, бо маблағи 3 ҳазору 240 сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд.
Хадамот тибқи созишномаҳои байналмилалӣ ва квотаи тасдиқгардида барои соли 2024 бо 21 давлати хориҷӣ мубодилаи рухсатномавиро ба анҷом расонида, аз давлатҳои хориҷа 68 ҳазору 960 рухсатномаҳоро қабул ва барои анҷом додани интиқоли байналмилалӣ тибқи дархости интиқолдиҳандагони ватанӣ 51 ҳазору 612 адади онҳо мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз 19 гузаргоҳи сарҳадӣ 14 гузаргоҳ фаъол буда, 5 адади онҳо ғайрифаъол ва тавассути 8 гузаргоҳ воридоту содирот ва гузариши транзитӣ мунтазам ба қайд гирифта шудааст.
Воридот | Содирот | Транзит | ||||||
Солҳо | Шумораи нақлиёти боркаш | Ҳаҷми бор (тонна) | Шумораи мусофир (нафар) | Шумораи нақлиёти боркаш | Ҳаҷми бор (тонна) | Шумораи мусофир (нафар) | Шумораи нақлиёти боркаш | Ҳаҷми бор (тонна) |
2024 | 85729 | 1617493 | 25046 | 82888 | 1113449 | 47723 | 271 | 5977 |
2023 | 80565 | 1399096 | 11233 | 74223 | 1092123 | 32172 | 131 | 3065 |
Натиҷа | 106,4% | 115,6% | 222,9% | 111,7% | 101,9% | 148,3% | 206,9% | 195% |
Фаъолияти корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ машғулбуда таҳти назорати Хадамот қарор дошта, тақсимоти рухсатномаҳо тибқи дархости онҳо ба роҳ монда шудааст.
Тибқи таҳлилҳо дар ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ саҳми ширкатҳои ватанӣ назаррас буда, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби онҳо – воридот 49,3% ва содирот 49,9% амалӣ карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботи дар самти назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалӣ тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 945 адад протокол тартиб дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 65 адад зиёд буда, 107%-ро ташкил медиҳад ва аз ин ҳисоб ба Буҷети ҷумҳуриявӣ 389 ҳазору 564 сомонӣ пардохт гардидааст, ки 101,5%-ро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби хизматрасониҳои самти назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалӣ 6 миллиону 988 ҳазору 352 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Хадамот ворид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1 миллиону 126 ҳазору 640 сомонӣ зиёд буда, 119,2%-ро ташкил медиҳад ва аз ин ҳисоб 45% ба маблағи 3 миллиону 14 ҳазору 780 сомонӣ ба Буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардидааст.
Барои бе иҷозатнома фаъолият намудан, риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома ва дигар намуди қоидавайронкуниҳо дар давраи ҳисоботӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, аз ҷумла:
– бо моддаи 311 барои борҳои калонҳаҷму гаронвазн 2897 адад;
– бо моддаи 322 барои бе пардаи ҳимоявӣ, ифлос ва номустаҳкамии бордон 2986 адад;
– бо моддаи 510 барои риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома 3338 адад;
– бо моддаи 511 барои бе роҳхату борхат 4529 адад;
– бо моддаҳои 290-294 барои расонидани зарар ба роҳҳои автомобилгард ва таъмин накардани нигоҳдории роҳҳо ва иншоотҳои роҳдорӣ 5621 адад;
– бо моддаҳои 320 ва 324 барои баррасӣ ба ниҳодҳои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуд 5582 адад.
Вобаста ба иҷрои маблағи ҷаримаҳои басташудаи беиҷромондаи солҳои 2022-2023 ва 2024, талабот пурзӯр карда шуда, дар натиҷа маблағҳо ба таври зерин ситонида шуданд:
– дар соли 2022 – 98,4%;
– дар соли 2023 – 83,5%;
– дар соли 2024 – 57,5%.
Дар соли 2024 барои пурзур намудани назорат ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар ва боркаш тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2024 таҳти №620 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 таҳти №107 якқатор тағйиру иловаҳо дар самти уҳдадориҳои мансабӣ ва сохтори Хадамот ворид карда шуд.
Ҳамзамон, дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2024 таҳти №620 бо фармоиши Вазорати нақлиёт аз 20 декабри соли 2024 таҳти №201 “Дар бораи Тартиб оид ба истифодаи либоси махсуси кормандони Хадамот” ба нишонаҳои фарқунандаи кормандон тағйироти дахлдор ворид карда шуд, ки тибқи он вобаста ба мансаби ишғолнамуда ба рутбаҳои сарикитфӣ бар ивази шерозаҳо ситорачаҳо насб карда мешавад.
Дар давоми соли 2024 тибқи нақшаи тасдиқшуда нисбати 139 адад субъекти хоҷагидор санҷиш муқаррар шудааст, ки аз ин 127 адади он санҷиш карда шуда, нисбати 12 адад бо сабабҳои иваз шудани суроғаи ҳуқуқӣ, фаъолият надоштан дар комплекси нақлиётӣ ва дигар ҳолатҳо санҷиш гузаронида нашуд ва нисбати 17 адади онҳо бинобар ҷой доштани камбудию норасоиҳо бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳо тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардиданд ва тавсияҳои лозимӣ дода шуд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28.12.2024 дар Паёмашон ироа гардид “…рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ бояд пурра роҳандозӣ карда шавад”, баҳри вусъат бахшидан ба рақамикунонии соҳа дар дастгоҳи марказии Хадамот Шуъбаи рақамӣ ва таҳлилию иттилоотӣ таъсис дода шуда, низоми барномаҳои рақамии Хадамот “transport.tj” дар тарҳи наву муосир омода ва мариди истифода қарор дода шудааст, ки тавассути он ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қарорҳо, варақаҳои назоратии ватанию байналмилалӣ, пардохти ҷаримаҳо, додани рухсатномаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ роҳандозӣ гардидааст. Инчунин, бо портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ҳамкориҳо бо дигар вазорату идораҳо роҳандозӣ гардидааст.
Дар баробари ин, сомонаи расмии Хадамот www.transcontrol.tj низ дар шакли замонавӣ азнавсозӣ ва фаъол мебошад, ки ҳамаруза оид ба номгӯ ва арзиши хизматрасониҳои муздноки давлатӣ ва маълумотҳо вобаста ба фаъолияти Хадамот нашр карда мешаванд.
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” барои ба роҳ мондани пардохти хизматрасониҳои муздноки соҳа таввасути ҳамёнҳои мобилӣ ва QR-код, инчунин ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои электронӣ бо Осиё Гуруҳ, Шаҳри Ҳушманд, Амонатбонк, Душанбенақлиётхадамотрасон ва дигар ширкатҳои хизматрасонии ватанӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуда, дар нуқтаҳои назоратию вазнченкунӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ POS–терминалҳо, банкоматҳо ва дигар воситаҳои пардохти электронӣ насб ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Айни замон дар Хадамот 71 адад POS–терминал фаъоланд, ки аз ин 13 адад дар нуқтаҳои назоратӣ ва 58 адад дар нуқтаҳои вазнченкунӣ мавриди истифода мебошанд.
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025», нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зимистонгузаронии Хадамот таҳия ва тасдиқ карда шуда, тибқи он дар МДНРА ва ИХРА, инчунин корхонаю ҷамъиятҳои нақлиётӣ корҳои нозиротӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар самти захиракунии маводҳои зиддилағжиш ва омодасозии техникаю механизмҳои роҳдорӣ камбудиҳои ҷойдошта ошкор ва оиди бартарафсозии онҳо Амрнома ва Огоҳиномаҳо дода шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ тариқи аризаи хаттӣ 62 нафар ба Хадамот муроҷиат намуданд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ гардида, ҷавобҳои қонеъкунанда гардонида шуд.
Инчунин, унвонии Хадамот 1141 адад ҳуҷҷатҳои расмӣ ворид гардидааст, аз ҷумла:
– 416 адад аз Вазорати нақлиёт;
– 15 адад аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ;
– 61 адад аз Мақомоти прокуратура;
– 25 адад аз Агентии хизмати давлатӣ
– 624 адад аз дигар вазорату идораҳо, ташкилоту ширкатҳои давлатию хусусӣ, ки ҳамаи онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида баррасӣ ва посухҳои мушаххас дода шуд.
Дар иртибот ба ин, аз Хадамот 724 адад ҳуҷҷати расмӣ содир шудааст.
Иҷрои бандҳои 1 ва 10 қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт аз 15 октябри соли 2024, №4 таъмин гардида, ба Вазорати нақлиёт маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Фаъолияти молиявии Хадамот мувофиқи Нақшаи ягонаи даромад ва хароҷот барои соли 2024 ба роҳ монда шуда, ҳамаи маблағҳо тибқи таъинот ва мақсаднок истифода гардидаанд.
Сардори Хадамот дар баробари ин, камбудию мушкилоти кории Хадамотро дар соли 2024 ва зарурати рафъи онҳо, вазифаю ҳадафҳоро барои соли оянда дар ҳисоботаш қайд кард.
Сипас, ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ шунида шуд.
Дар маҷлис Саидмуродзода Шоиста – муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба ислоҳи камбудию норасоиҳо дастурҳо доданд.
Аз ҷониби Сардори Хадамот ҷиҳати ворид намудани тағйироти зарурӣ ба лоиҳаи Протоколи маҷлис ва ба тасвиб расонидани он ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Баъдан, Саидмуродзода Шоиста – муовини Вазири нақлиёт – сарпарасти соҳа, Қодирзода Сайфулло – сардори Раёсати нақлиёти руйизаминии Вазорат ва дигар иштирокдорони маҷлис якҷо бо Қурбонзода Д.Қ. аз Шуъбаи рақамӣ ва таҳлилию иттилоотӣ дидан намуданд.
Дар фарҷом бо дарназардошти ҳисоботҳо ва таклифу пешниҳодҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.