Паёми табрикотии Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бахшида ба 33 – солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз ва ҳамкасбони гиромӣ!
Ҳамаи шумоёнро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33 солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, хотирҷамъӣ, ба Ватани маҳбубамон оромию осудагӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки имсол 33 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар эълон гардаидани соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият фароҳам овард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо дастоварду комёбиҳои беназир Ватани маҳбубамонро ба марҳалаи сифатан нави рушд расонанд.
Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: “Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд”.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар кишвари азизамон, аз ҷумла дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт новобаста аз таъсири буҳронҳо ва равандҳои мухталифи байналмилалӣ рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардида, дар тамоми соҳаҳо ва самтҳои ҳаёти ҷомеа тағйирот, ислоҳоту навсозиҳои бесобиқа амалӣ гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбубамон ба шарофати сиёсати дурандешонаву ҳадафмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои манфиатбахшро бо кишварҳои мухталифи олам ба роҳ монда, бо ташаббусу иқдомҳои сатҳи байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоту муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир нақши арзанда мегузорад.
Мо бояд ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ эътибор дода, бо дарки аҳаммияти истиқлолу озодӣ ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа ва ватандӯсту ватанпарвар тарбият ёфтани насли ҷавон таваҷҷуҳ намуда, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ба кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил додани Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем. Ҳамчун фарзандони содиқи Ватан дар якҷоягӣ ва иттиҳод сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.
Бори дигар 33 – солагии ҷашни муқаддасу бузурги истиқлоли давлатиро ба ҳамватанон ва ҳамкасбон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фараҳу шодмонӣ, рӯзгори осуда ва иқболи нек орзу менамоям.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!