Душанбе, 24 ноябри соли 2026 — Имрӯз дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот, инчунин меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Д.Қ. ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва кулли шаҳрвандони кишварро ба ин ҷашни фархунда табрик гуфт. Зимни суханронии худ роҳбари Хадамот таъкид намуд, ки Парчами давлатӣ рамзи истиқлолият, дӯстиву бародарӣ, ягонагии миллат ва мояи ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Зикр гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуда, ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад.
Дар идомаи чорабинӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Д.Ш. дар мавзӯи «Парчам – муаррифгари таърих, фарҳанг ва ҳастии миллат» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Мавсуф ба таърихи беш аз шашҳазорсолаи парчамдории тоҷикон аз замони Коваи оҳангар, Куруши Кабир, Спитамен ва Исмоили Сомонӣ то даврони соҳибистиқлолӣ ишора карда, қайд намуд, ки се ранги Парчами давлатӣ таҷассумгари таърих, тамаддун, имрӯз ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик мебошад.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода З.И. суханронӣ намуда, Парчамро рамзи нангу номуси миллӣ ва омили муҳими ваҳдату сарҷамъӣ арзёбӣ кард. Ӯ даъват ба амал овард, ки ҳар як шаҳрванд бояд дар атрофи ин муқаддасоти миллӣ муттаҳид шуда, баҳри ободиву пешрафти Ватан софдилона меҳнат намояд.
Дар қисмати муҳокима кормандони Хадамот доир ба мақому манзалати Парчами давлатӣ дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва нақши он дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ибрози андеша карданд.
Дар фарҷоми маҷлис ҷиҳати таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ва риояи қоидаҳои истифодаи расмии Парчами давлатӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи сохторҳои Хадамот қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
