Ҳамватанони гиромӣ, ҳамкасбони азиз
ва мутахассисони соҳаи нақлиёт!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати яке аз муқаддастарин ва пурифтихортарин ҷашнҳои миллию давлатиамон — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24-уми ноябр дар саросари кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, самимона табрику таҳният мегӯям.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлатдории миллӣ, ки мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори Нишон ва Суруди Миллӣ эътироф гардидааст, таҷассумгари истиқлолу озодӣ, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти устувори мардуми шарифи тоҷик мебошад. Ин рамзи муқаддас аз умқи таърихи куҳани давлатдории ниёгонамон — аз суннатҳои парчамдории мардуми ориёитабор, достони ҷовидонаи Коваи Оҳангар ва Дирафши Ковиёнӣ сарчашма гирифта, пайванди ногусастании наслҳо ва иродаи озодихоҳии миллатро ифода мекунад. Имрӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатӣ ба нишонаи бақои давлат, ягонагии миллат, сарбаландӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар табдил ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ таъкид доштаанд: «Парчами давлатӣ барои мо — тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад». Бо иқдоми хирадмандона ва фармони Пешвои муаззами миллат аз соли 2009 инҷониб 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ба феҳристи ҷашнҳои расмии кишвар ворид гардида, ба як анъанаи пуршукӯҳи умумихалқӣ ва омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ табдил ёфтааст.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар фазои кишварамон, аз ҷумла дар манораи муҳташами 165-метра дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, ки ҳамчун рамзи устувории давлат ва ифтихори миллӣ қомат афрохтааст, балки дар минбарҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, биноҳои сафоратхонаву намояндагиҳои дипломатӣ ва майдонҳои мусобиқаҳои бузурги ҷаҳонӣ парафшон буда, обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад. Ҳар боре ки варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ пирӯз мешаванд ва Парчами кишварамон таҳти навои Суруди Миллӣ боло бардошта мешавад, қалби ҳар як сокини кишварро эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихор фаро мегирад.
Барои мо, кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва кулли мутахассисони соҳа, парафшонии Парчами давлатӣ масъулияти дучанд мебахшад. Зеро соҳаи нақлиёт яке аз шохаҳои муҳимми инфрасохтор, омили пешрафти иқтисодиёт ва воситаи асосии пайвандгари минтақаҳои кишвар ва робитаҳои байналмилалист. Қобили зикр аст, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ низ истифодаи расмӣ ва ҷойгир намудани тасвири Парчами давлатиро дар сохторҳои давлатӣ ва воситаҳои нақлиёти муайян (аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо, киштиҳо ва воситаҳои нақлиёти ҳайатҳои расмӣ) ҳамчун нишонаи мансубият ба давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Эҳтироми воқеӣ ба Парчами давлатӣ танҳо дар рӯзҳои ҷашн маҳдуд намешавад, балки он дар меҳнати содиқона, риояи қатъии қонунгузорӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиётӣ, муносибати масъулона ба вазифаи хизматӣ ва фарҳанги баланди касбӣ зоҳир мегардад. Ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки бо фаъолияти пурсамар ва саҳмгузорӣ дар рушду ободии соҳаи нақлиёт, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани эътибори Ватани азизамон саҳм мегузорем.
Бори дигар ҳамаи Шумо — кормандони соҳаи нақлиёт ва кулли ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу осоиш, файзу баракат, тансиҳативу хонаободӣ, сарбаландӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияти касбиатон ба хотири шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб барорҳои нав ба нав таманно менамоям.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои сулҳу субот, оромӣ ва ваҳдати миллӣ парафшон бошад!
Поянда бод Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Ҷовидон бод Парчами миллии тоҷикон!
