Аз ҷониби кормандону нозирони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Ҳисор ва шуъбаи Турсунзода корҳои нозиротӣ ва фаҳмондадиҳи вобаста ба танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш роҳандозӣ гардида истодаанд. Чорабиниҳои мазкур бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш, таъмини риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи нақлиёт ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард амалӣ карда мешаванд.
Зимни гузаронидани корҳои назоратӣ фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаши хурду калон, аз ҷумла мошинҳои боркаш, ки ба интиқоли маҳсулоти гуногун ва масолеҳи сохтмонӣ машғуланд, мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони масъул бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ҷиҳати риояи талаботи қонунгузории соҳа, доштани ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷозатномавӣ, риояи меъёрҳои муқарраршудаи вазну андозаи воситаҳои нақлиёт ва дуруст ҷойгиру маҳкам намудани бор ҳангоми интиқол тавсияҳои зарурӣ дода мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки риояи талаботи муқарраршуда ҳангоми ҳамлу нақли бор на танҳо барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, балки барои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва ҳифзи роҳҳои автомобилгард аз вайроншавӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Кормандони Раёсати Хадамот дар минтақаи Турсунзода минбаъд низ бо мақсади таъмини иҷрои талаботи қонунгузории соҳаи нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳо ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳиро мунтазам идома хоҳанд дод.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт




