Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди комплекси нақлиётии кишвар” таҳти раёсати Қурбонзода Далер Қурбон – сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Абдураҳмон Хонзода — роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Холмирзоев Муҳиддин – Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони ҲХДТ, Ҳабибзода Зоир Иззат – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва роҳбарияту кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихӣ буда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба давлатдории миллӣ, ваҳдати миллӣ ва хизматҳои таърихӣ дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад.
Ҳамзамон, доир ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани мақому нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ибрози назар карда шуд.
Зикр гардид, ки таҷлили ин санаи муҳим барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён доир ба аҳамияти таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ андешаронӣ намуда, роҳбарият ва як қатор кормандони Хадамот бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
















