Ҳамватанон ва ҳамкорони азиз!
Ҳамасола санаи 16 ноябр дар кишвари маҳбубамон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос ва ифтихори баланди ватандорӣ таҷлил карда мешавад. Шуморо ба ин санаи муқаддасу таърихӣ аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ, барори кор ва дар роҳи амалӣ намудани сиёсати созандаи Сарвари давлат комёбиҳо таманно дорам.
Ин санаи фархунда танҳо хотираи оғози фаъолияти расмии Сарвари давлат нест, балки рамзи муҳими гузариш аз давраи бесуботиву ташвишҳо ба марҳалаи сулҳу субот, сохтори устувори конститутсионӣ, эҳёи давлатдории миллӣ ва ба низоми боэътимоди идоракунӣ табдил ёфтани ҷомеаи тоҷикон мебошад. Дар ин рӯзи таърихӣ – 16 ноябри соли 1994, нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи бисту якуми Шӯрои Олии кишвар савганд ёд карда, расман ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд. Ин қадами сарнавиштсоз идомаи мантиқии Иҷлосияи таърихсози XVI Шӯрои Олӣ буд, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, ба барқарорсозии ҳокимияти қонунӣ ва наҷоти давлат асос гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона, ҷоннисориҳои бемислу монанд ва азму иродаи пӯлодӣ тавонистанд кишварро аз вартаи ҳалокати таърихӣ раҳо бахшида, сулҳи пойдор ва ваҳдати миллиро барқарор намоянд.
Имрӯз соҳаи нақлиёти кишвар яке аз баҳрабардорони асосӣ ва шоҳиди зиндаи ин сиёсати созанда ба ҳисоб меравад. Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат Тоҷикистон аз як кишвари ба қисмҳо ҷудошуда ва дар бунбасти коммуникатсионӣ қарордошта, ба як қаламрави ягона, обод ва чорроҳаи транзитии байналмилалӣ табдил ёфт. Бо бунёди роҳҳои мошингарди байналмилалӣ, нақбҳои стратегикушод ва пулҳои азим минтақаҳои дурдасти кишвар бо ҳам ва бо кишварҳои ҳамсоя пайваст гардида, фазои ягонаи иқтисодӣ таъмин карда шуд.
Боиси ифтихор аст, ки соли равон (соли 2026), ки бо 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадам аст, бо дастури Роҳбари давлат «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Дар доираи ин иқдомҳо ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, дар саросари мамлакат ҳазорон иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла дар соҳаи роҳу нақлиёт ба истифода дода шуда истодаанд.
Дар Паёмҳо ва дастурҳои Сарвари давлат масъалаи боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти давлатӣ, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии соҳаҳо ба таври қатъӣ гузошта шудаанд. Аз ин рӯ, вазифаи асосии ҳар яки мо – кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз он иборат аст, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар назорат ва танзими давлатиро дар соҳа боз ҳам беҳтар карда, барои рушди устувори инфрасохтори нақлиётӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон саъю талоши худро дареғ надорем.
Бори дигар Шуморо ба муносибати ин рӯзи фархунда – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона, ваҳдати миллӣ ва ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиҳатию саломатӣ, умри дароз ва дар роҳи роҳбарии оқилонаи давлат барору комёбиҳои беназир таманно дорам.
Рӯзи Президент муборак!
