Сокинони азизу меҳмонони гиромиқадри пойтахт!
Ҳамкасбони муҳтарам!
Ҳамаи шуморо – сокинони пойтахти азиз, меҳмонони гиромӣ ва ҳамкасбони муҳтарамро бо ин иди бузурги миллӣ самимона табрику муборакбод намоям.
Рӯзи пойтахт барои ҳар як фарди тоҷик, бахусус барои сокинони Душанбеи зебоманзар, иди хоссу фархунда аст. Ин рӯз рамзи ягонагӣ, фарҳанг, тараққиёт ва ободии миллати кӯҳанбунёди тоҷик мебошад. Душанбе барои мо на танҳо маркази сиёсиву идорӣ, балки дили Тоҷикистон, гаҳвораи фарҳангу ҳунар ва оинаи пешрафти давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.
Ба шарофати сиёсати бомароми бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаву муосири минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст. Имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмурии кишвар, балки маркази илму маориф, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ ба шумор меравад.
Дар ин росто, ҷиҳати рушди ҳаматарафаи пойтахт — аз ҷумла беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор, сохтмону таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, таъмин бо воситаҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии коргарону мутахассисон, роҳбарону кормандони соҳаҳои гуногун мебошанд.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт низ дар рушду ободии пойтахт ва ба таври умум дар рушди соҳаи нақлиёти кишвар саҳми арзандаи худро мегузорад. Мо бояд ҳамеша кӯшиш намоем, ки фаъолияти худро дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, назорати сифати хизматрасонии нақлиётӣ, танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёт ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои сокинон боз ҳам беҳтар намоем. Зеро нақлиёти муосир ва бехатар яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёту ободии шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад.
Имрӯзҳо Душанбеи зебоманзар ба ифтихори иди пойтахт либоси идона ба бар кардааст. Ҳар сангфаршу хиёбони ин шаҳр аз таърихи пурифтихори миллат нақл мекунад ва ҳар гулҳои рангини боғҳои он ба меҳмоннавозиву фарҳангдӯстии сокинони он гувоҳӣ медиҳанд. Мо ифтихор мекунем, ки дар чунин шаҳри ободу зебо зиндагӣ ва кор мекунем.
Дар анҷоми паёми худ иҷозат диҳед бори дигар ҳамаи шуморо бо ин иди бузурги миллӣ табрик намоям ва ба ҳар яки шумо саломатӣ, хушбахтӣ, комёбӣ ва барорӣ орзу намоям. Бигзор пойтахти азизи мо – шаҳри Душанбе ҳамеша ободу зебо, сулҳу осоишта ва сарсабзу хуррам бошад!
Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе,
Ту ҷону ҷони ҷононӣ, Душанбе!
Иди пойтахт муборак, ҳамватанони азиз!
