Санаи 18 апрели соли 2026 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе чорабинии тантанавиву бошукӯҳ баргузор гардид. Чорабинии мазкур таҳти раёсати сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон ва бо иштироки намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохторӣ, инчунин меҳмонони гиромӣ аз пойтахти кишвар сурат гирифт.
Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва аҳли толорро бо ин санаи фархунда самимона муборакбод намуд. Ӯ дар сухани худ аҳамияти Рӯзи пойтахтро барои ҳар як сокини кишвар таъкид намуда, изҳор дошт, ки Душанбе ба ҳайси дили Тоҷикистон на танҳо маркази сиёсиву идорӣ, балки рамзи ягонагӣ, фарҳанг ва тараққиёти миллати тоҷик мебошад.
Дар баромадҳои минбаъда таъкид гардид, ки ба шарофати сиёсати бомароми бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, пойтахти Ватани азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаву муосири минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст. Душанбе имрӯз на танҳо маркази маъмурии кишвар, балки маркази илму фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ ба шумор меравад.
Қайд карда шуд, ки ҷиҳати рушди ҳаматарафаи пойтахт — аз ҷумла беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор, сохтмону таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, таъмин бо воситаҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Ин иқдомҳо ба беҳтар шудани сифати зиндагии сокинони пойтахт ва баланд бардоштани обрӯи байналмилалии шаҳри Душанбе мусоидат намудаанд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандони фаъол ва меҳмонон дар вазъияти тантанавӣ сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии арзишнок супорида шуданд. Ин иқдом барои қадрдонӣ аз заҳматҳои онҳо дар рушду пешрафти соҳаи нақлиёт ва ободии пойтахт баҳои баланд дода шуд.
Воқеан, шаҳри орзуву умедҳои мо — Душанбеи зебоманзар таҷассумгари симои давлату миллати кӯҳанбунёди тоҷик буда, имрӯзҳо ба ифтихори иди пойтахт либоси идона ба бар кардааст. Ҳар сангфаршу хиёбони ин шаҳр аз таърихи пурифтихори миллат нақл мекунад ва ҳар гулҳои рангини боғҳои он ба меҳмоннавозиву фарҳангдӯстии сокинони он гувоҳӣ медиҳанд.
Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе,
Ту ҷону ҷони ҷононӣ, Душанбе!
