Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2026, дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маҷлиси ҷамъбастӣ доир карда шуд. Дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳавӣ дар 9 моҳи соли 2026, вазъи воқеии соҳа, мушкилоти ҷойдошта ва вазифаҳои минбаъда мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Ҷаласаро сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки маҳз бо шарофати дастгириҳои мутаносиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи нақлиёти кишвар ба марҳалаи нави рушд ворид гардидааст. Ӯ оид ба аҳамияти ҷамъбасти фаъолияти давраи ҳисоботӣ, таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва муайян намудани вазифаҳои афзалиятнок суханронӣ намуд.
Сипас, муовини якуми сардори Хадамот Раҳимзода М. оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохтор дар 9 моҳи соли 2026 ҳисоботи муфассал пешниҳод кард. Дар ҳисобот рафти иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти назорати риояи қонунгузорӣ, танзими комплекси нақлиётии кишвар, натиҷаҳои бадастомада ва масъалаҳои ҳалталаб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори маҷлис муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Ш., кормандони масъули вазорат, роҳбарият ва кормандони воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок намуданд, ки фаъолияти Хадамотро дар 9 моҳи соли 2026 мусбӣ арзёбӣ карданд.
Дар фарҷоми маҷлис таъкид гардид, ки натиҷаҳои фаъолияти 9-моҳа заминаи муҳим барои тақвияти корҳо дар самти назорати риояи қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ба мардум ва иҷрои саривақтию сифатноки вазифаҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудаанд, мебошад.


















