Ҳамватанони азиз!
Ҳамасола 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ ҳамчун яке аз санаҳои муҳимтарини фарҳангиву маънавӣ ва рамзи ҳастии миллат бо шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ва фараҳбахш, тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон ва кормандони соҳаи нақлиётро аз номи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва аз номи худ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод мегӯям.
Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ ҳамчун воситаи муҳими ҳифзи фарҳанг, илму адаб, суннатҳои миллӣ ва пайванди маънавии наслҳо хизмат намудааст. Ин забони шевову шоирона ва пурғановат имрӯз ҳамчун забони давлатӣ яке аз пояҳои муҳимтарин ва устувори Истиқлолияти давлатӣ, аркони давлатдорӣ ва ҳувияти миллии мо ба шумор меравад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Забон ҳастии миллат ва сипари боэътимоди таъриху фарҳанги мо мебошад”.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зери сиёсати хирадпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими мақоми ҳуқуқии забони давлатӣ, густариши истифодаи он дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, соҳаҳои техникӣ ва нақлиётӣ, инчунин ҳифзи асолат ва меъёрҳои забони адабӣ тадбирҳои муассиру амалӣ амалӣ гардидаанд.
Дар ин раванд, сиёсати пайгиронаи давлатӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба масъалаҳои забон барои рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ, баланд бардоштани мақоми он дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати омӯзиш, коргузорӣ ва истифодаи дурусти он заминаи устувор гузоштааст.
Ҳифзи покизагӣ ва асолати забони давлатӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ дар коргузориву муошират ва арҷ гузоштан ба ин мероси гаронбаҳои миллӣ масъулияти муштараку шарафманди ҳар як фарди ҷомеа ва кормандони мақомоти давлатӣ мебошад.
Итминон дорам, ки мо бо муносибати масъулона, эҳтиром ба забони модарӣ ва ҷорӣ намудани он дар фаъолияти рӯзмарраи касбӣ метавонем ин арзиши бебаҳои миллиро барои наслҳои оянда ҳифз намуда, барои рушду камоли минбаъдаи он саҳми арзанда гузорем.
Бори дигар, ҳамаи Шумо, ҳамватанони азиз ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломатии бардавом, осоиштагӣ, хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ва фархунда бод!
