Дар доираи амалӣ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди «Ҳукумати электронӣ», рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2025, №1046 «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ», Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт гузариш ба низоми муосири рақамиро бо суръат идома медиҳад.
Бо мақсади татбиқи пурраи барномаҳои рақамӣ ва гузаронидани санҷишҳои шаффофу фаврӣ, аз ҷониби сохторҳои масъули Хадамот нозирони Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе бо планшетҳои муосири бренди «Samsung Galaxy Tab A11+5G» бо бастабандии пурраи техникӣ супорида шуданд.
Таҷҳизоти мазкур барои насби нармафзор ва барномаи махсуси рақамии Хадамот ва азнавсозии техникӣ пешбинӣ шуда, ба кормандони соҳавӣ имкон медиҳад, ки дар хатсайрҳо ва нуқтаҳои назоратию баркашӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ раванди санҷишро ба таври электронӣ ва бевосита амалӣ намоянд.
Мутобиқи «Нақшаи афзалиятноки рақамикунонӣ ва роҳандозии хизматрасониҳои давлатӣ» ва дар асоси «Қоидаҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ» (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28 марти соли 2022, №124), Хадамот марҳила ба марҳила хизматрасониҳои зеринро ба шакли электронӣ мегузаронад:
- Варақаи хатсайр (Рамзи 000332): Таҳияи шакли электронӣ ва санҷиши фаврии он дар ҷойи фаъолият тавассути рамзи QR.
- Иҷозатнома барои мусофиркашонӣ дар дохили ҷумҳурӣ бо нақлиёти автомобилӣ (Рамзи 000353): Қабули ариза, ҳуҷҷатҳо ва пардохт тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ khizmat.ehukumat.tj.
- Иҷозатнома барои боркашонӣ дар дохили ҷумҳурӣ бо нақлиёти автомобилӣ (Рамзи 000355): Рақамикунонии пурраи раванди иҷозатномадиҳӣ ва додани иҷозатномаи электронӣ.
- Иҷозатнома барои фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ дар нақлиёти автомобилӣ (Рамзи 000357): Қабул, баррасӣ ва пешниҳоди натиҷа дар шакли электронӣ.
Мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», гузариш ба низоми электронӣ ба афзалиятҳои зерин нигаронида шудааст: - Шаффофият ва сарфаи вақт: Кам кардани робитаи мустақими инсонӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ.
- Пардохтҳои ғайринақдӣ: Таъмини пардохти хизматрасониҳо тавассути низомҳои электронии бонкии кишвар.
- Эътибори баробари ҳуқуқӣ: Ҳуҷҷатҳои электроние, ки тавассути портали ягона ташаккул меёбанд, бо ҳуҷҷатҳои коғазии имзошуда эътибори яксони ҳуқуқӣ доранд.
Иқдоми мазкур марҳилаи муҳим дар самти муосиргардонии назорати нақлиётӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифату дастрас ба шаҳрвандон ва соҳибкорон ба шумор меравад.














