Ҳафтаи равон аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт корҳои нозиротӣ анҷом дода шуд. Кормандони Раёсати Хадамот дар минтақаи Рашт амалиётҳои мақсадноки воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва боркашро хусусан дар ҷойҳои шиддатнокии баланди воситаҳои нақлиёт, истгоҳҳо, таваққуфгоҳҳо, чорроҳаҳо гузаронида шуданд. Дар рафти фаъолият муъайян гардид, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт хусусан дар шаҳри Ваҳдат аксари ронандагон ғайриқонунӣ ба кашонидани мусофирон машғуланд. Як қисми ронандагон тамоман иҷозатнома барои мусофиркашонӣ надоранд ва бо (трафарет) лавҳачаҳои худсохт ғайриқонуни ба кашонидани мусофирон машғуланд. Аз рафти амалиётҳои мақсаднок муайян гардид, ки қисми дигари ронандагон ки дар баланси дигар хатсайр қарор доранд, аммо бо хати сайри дигар ҳаракат намуда (трафарет ) истифода бурда ивази хати сайр мекунад, ки ин боиси нороҳатии мусофирон буда, бар хилофи шарту талаботҳои иҷозатномаи мусофиркашонӣ мебошад. Дар қисми дигари фаъолияти кормандону нозирони Райёсати Хадамот дар минтақаи Рашт воситаҳои нақлиёти боркашро, ки ба фаъолияти боркашонӣ машғуланд ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба монанди (иҷозатнома, роҳхат, борхат) талаб карда шуда, ва бо сертификати баркашӣ таъмин намуда барои ҳаракат иҷозат дода мешаванд. Дар рафти амалиёт ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар хусусан ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ, ки бе либоси махсуси кории ронандагӣ, ки дар шарту талаботи иҷозатнома омадааст ва бо риши дамида ошкор карда ва нисбаташон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 323, 290/2, 510 кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда барои ислоҳ шудан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Кормандону нозирони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт ин иқдомро ҳамарӯза ба роҳ монда баҳри танзим намудани воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва боркаш кушиши зиёд ба харҷ дода истодаанд.









